ВАО: Вазири нави ҷанги Давлати исломӣ на Гулмурод Ҳалимов, балки як ироқӣ таъин шуд

Ёсин ал-Муадидӣ, афсари пешини нерӯҳои марзбонии Ироқ вазири ҷанги гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ таъйин шудааст. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» бо истинод ба РИА Новости иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, вазири нави ҷанги ДИИШ рутбаи генерал дошта, ҳанӯз аз оғози ташкили ин гуруҳи террористӣ ба он пайвастааст. Таъйини Ал-Муадидӣ, ки лақаби Абу […]

Asia-Plus

Ёсин ал-Муадидӣ, афсари пешини нерӯҳои марзбонии Ироқ вазири ҷанги гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ таъйин шудааст. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» бо истинод ба РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, вазири нави ҷанги ДИИШ рутбаи генерал дошта, ҳанӯз аз оғози ташкили ин гуруҳи террористӣ ба он пайвастааст. Таъйини Ал-Муадидӣ, ки лақаби Абу Тахаро дорад, зимни як ҷаласаи сарони ДИИШ дар вилояти Анбар сурат гирифтааст.

Аввали моҳи сентябр расонаҳои хабарии Ироқ иттилоъ дода буданд, ки полковники фирории тоҷик роҳбари бахши низомии гурӯҳи “Давлати исломӣ” таъин шудааст.

Чанд рӯз пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омодагӣ изҳор намуда буд, ки барои маълумот дар бораи макони будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов 3 млн. доллари ИМА мукофотпулӣ пардохт менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.