Боздошти як тоҷикистонӣ дар Қафқоз ба гумони ҷалби муҳоҷирон ба Давлати исломӣ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти Осетияи Ҷанубӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ташвиқу ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои хабаргузории REGNUM, шаҳрванди Тоҷикистон Умарҷон Исмоновро рӯзи 17 сентябр ба иттиҳоми ташкили фаъолияти дорои хусусияти ифротгароӣ боздошт карда, ӯ миёни муҳоҷирони корӣ аз […]

Asia-Plus

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти Осетияи Ҷанубӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ташвиқу ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории REGNUM, шаҳрванди Тоҷикистон Умарҷон Исмоновро рӯзи 17 сентябр ба иттиҳоми ташкили фаъолияти дорои хусусияти ифротгароӣ боздошт карда, ӯ миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ҷиҳати пайвастани онҳо ба сафҳои гурӯҳи террористии Давлати исломӣ корҳои ташвиқотӣ мебурдааст.

Гуфта мешавад, Исмонов ният доштааст, ки тариқи транзит ғайриқонунӣ тавассути қаламрави Гурҷистон ва Туркия ба Сурия рафта, дар он ҷо алайҳи ҳукумати қонунии ин кишвар биҷангад. «Исмонов ҷиҳати минбаъд ба ихтиёри Тоҷикистон супурдан ба Русия истирдод шуд», – омадааст дар хабар.

Бино ба маълуомти ВКД Тоҷикистон, тайи якуним соли ахир беш аз 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба ифротгариву терроризм гумонбар дониста мешаванд, ба Тоҷикистон истирдод шуда, миёни онҳо 133 нафарашон ба Давлати исломӣ алоқамандӣ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.