Сарулибоси миллии тӯёнаи арӯсон чӣ гуна аст?

Чанде пеш Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба арӯсони тоҷик тавсия дод, ки аз сарулибоси тӯёнаи аврупоӣ даст кашида, ба сарулибоси миллӣ афзалият диҳанд. Сарулибоси тӯёнаи миллии арӯсони тоҷик чӣ гуна аст? Мо назари чандеро дар ин бора манзуратон мегардонем. Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси шуъбаи фатвои Маркази исломӣ тавсия дод, ки дар ин бора ба таърихшиносон […]

Asia-Plus

Чанде пеш Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба арӯсони тоҷик тавсия дод, ки аз сарулибоси тӯёнаи аврупоӣ даст кашида, ба сарулибоси миллӣ афзалият диҳанд.

Сарулибоси тӯёнаи миллии арӯсони тоҷик чӣ гуна аст? Мо назари чандеро дар ин бора манзуратон мегардонем.

Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси шуъбаи фатвои Маркази исломӣ тавсия дод, ки дар ин бора ба таърихшиносон муроҷиат кунем: «Мо уҳдадорем, ки танҳо аз нигоҳи динӣ дар ин масъала посух бигӯем. Аммо гузаштагони мо дар тӯйҳо сарулибоси миллии худро ба бар мекарданд ва мо ҳам пешниҳод мекунем, ки арӯсон маҳз либоси тӯёнаи миллии худро бипӯшанд».

Арӯсони оянда дар ин масъала чӣ фикр доранд?

– Фикр мекунам, ки ҳар кадоме аз духтарон дар ин рӯз орзу мекунад, ки куртаи сафеди дароз бипӯшад, вале аз сарпӯшу чакан ва зардӯзиҳои зебо низ сарфи назар кардан лозим нест, – гуфт Шоира Пӯлодова, тарроҳи сарулибос. – Ба ман масалан маъқул аст, ки ҳар як минтақа сарулибоси хос барои арӯсон дорад, вале ман бечуну чаро куртаи сафед ба бар мекунам. Сарулибоси миллиро бошад, бигузор дар дигар маросимҳо, аз қабили чойгаштак, рӯйбинон, талбон ва ғайра бипӯшанд.

Сокини шаҳри Хуҷанд Фирӯза Камолова мегӯяд, духтарони тоҷик танҳо як рӯз ба малика табдил ёфта, рӯзи дигар аллакай боз ба корҳои рӯзгор, аз қабили рӯбучину ҷомашӯӣ ва ғайраву ҳоказо машғул мешаванд. «Пас ҳамин як бор имкони малика шуданро аз онҳо гирифтан зарур аст», – савол медиҳад ӯ.

– Сарулибоси миллӣ ҳарчанд хеле зебо бошад ҳам, лекин ба ҳар ҳол аврупоӣ беҳтар аст, – мегӯяд боз як арӯс Адиба Рустамова. – Ҳатто аз рӯи нарх ҳам. Дӯхтани сарулибоси миллии тӯёна хеле гарон меафтад, нархҳо ба матоъ осмонианд. Аз хароҷоти сарулибоси миллӣ куртаро ба маблағи 500-1000 сомонӣ ба иҷора (прокат) гирифтан хубтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.