Роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати пойтахт аз мансаб барканор шуд

Зимни машварати кории мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаи назорати иҷрои меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» раиси пойтахт аз ҷараёни назорати иҷрои он нигаронӣ изҳор намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии […]

Аваз Юлдошев

Зимни машварати кории мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаи назорати иҷрои меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» раиси пойтахт аз ҷараёни назорати иҷрои он нигаронӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои назорати риояи меъёрҳои қонуни зикршуда ба муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Фирӯз Ӯлмасов ва мудири  шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомот Назруллоҳи Муҳаммадюсуф бо муқаррар кардани охирин огоҳӣ барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат дода шуда, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Душанбе Манзура Саломова аз вазифа сабукдӯш шуд.

Дар ҷаласа раиси шаҳр қабл аз ҳама аз фаъолияти имрӯзаи комиссияҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати танзими расму оин дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, бо таҳлили воқеияти мавҷуда, зикр сохт, ки аксаран қонунпоймолкуниҳо дар ин самт бо сабаби хунукназарии масъулин дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муносибати якхелаву муносифонаро нисбати хилофкорон роҳандозӣ накардан  рӯи кор омада, ба он боис гардидааст, ки мутаассифона ҳолатҳои зиёдаравиҳои намоишкорона то ҳанӯз ҷой доранд.

Бино ба маълумоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ мақомоти судӣ 288 парвандаи маъмурӣ оид ба риоя накардани меъёрҳои ин қонунро баррасӣ намуда, қонуншиканон дар ҳаҷми умумии беш аз 887 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Кумита Фаррухулло Олимов рӯзи 12 июл дар ин робита изҳор намуда буд, ки аксари мансабдорон ҷашну маросимҳоро ба номи дигарон сабт мекунанд ва аз ин рӯ, исботи даст доштани онҳо ба қонуншиканӣ душвор мегардад.

Ф.Олимов зикр карда буд, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар ин самт нисбати 10 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои маъмурӣ боз шуда, барои кам кардани чунин қонуншиканиҳо, маълумот дар ин бора ба ҷойҳои кории онҳо ирсол мегардад, то ки нисбати ин гуна мансабдорон чораҷӯӣ шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.