Вакилон бори нахуст ба мардум савганд ёд мекунанд

Бори нахуст вакилони парлумон ба мардуми ҷумҳурӣ савганд ёд мекунанд. Маросими савгандёдкунӣ баъди таътили тобистона дар ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 3 октябр баргузор мешавад. Дар раъйпурсии санаи 22 май ба Конститусияи ҷумҳурӣ дар бораи савгандёдкунии вакилони парлумон ба мардуми кишвар тағйирот ворид гардида буд. Тартиби савгандёдкунии […]

Аваз Юлдошев

Бори нахуст вакилони парлумон ба мардуми ҷумҳурӣ савганд ёд мекунанд. Маросими савгандёдкунӣ баъди таътили тобистона дар ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 3 октябр баргузор мешавад.

Дар раъйпурсии санаи 22 май ба Конститусияи ҷумҳурӣ дар бораи савгандёдкунии вакилони парлумон ба мардуми кишвар тағйирот ворид гардида буд.

Тартиби савгандёдкунии вакилони палатаи поёнӣ ва болоии парлумон тибқи қонунҳо «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ» танзиму муқаррар мешавад.

Тағийрот ба қонунҳои зикршуда ва қонун «Дар бораи ҳукумати ҶТ»-ро ҳукумат охири моҳи июн таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол намуд. Вакилон онро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Мувофиқи қонунгузорӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пас аз интихоб ё таъинот дар ҷаласаҳои палатаҳо ба мардум савганд ёд карда, аъзои ҳукумат баъди таъинот аз ҷониби президент ва тасдиқи фармон, ба содиқ будан ба президент савганд ёд мекунанд ва ин маросим дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумон сурат мегирад.

Қиёмиддини Миралиён, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки то кунун тибқи масъулияти бар зиммаашон гузошта кор мекарданд, вале пас аз ёд кардани савганд масъулияташон бештар хоҳад шуд. “Мо мусалмонем ва арзиши савгандро дарк мекунем. Вақте қасам мехӯрем, баландтарин масъулиятро ба худ мегирем, ки бояд ба ваъдаи худ вафо кунем”,- таъкид кардааст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.