Коҳиши ҳаҷми истеҳсолот дар ТАЛКО ба хотири нигаҳдории фаъолияти корхона

Нашрияи «Фараж»

КВД «Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) тасмим гирифтааст, бо назардошти ба андозаи назаррас паст рафтани нархи ҷаҳонии алюминий масъалаи коҳиш додани ҳаҷми истеҳсолоти ин маҳсулотро дар кишвар ба миён гузорад.

Сомонаи нашрияи «Фараж» дар ин робита менависад, Игор Сатторов, сардори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» зимни як вохӯрӣ бо рӯзноманигорни расонаҳои дохил ва хориҷи кишвар иттило дода, гуфт «ТАЛКО то анҷоми соли 2016 тасмим дорад, истеҳсоли алюминийи аввалияро ба  андозаи тақрибан 5,3 дарсад коҳиш дода, ба ҷойи 158 ҳазор тоннаи қаблан пешбинишуда 150 ҳазор маҳсулот истеҳсол намояд.

-Дар шароити ба миёномадаи иқтисодӣ, ба хотири нигоҳ доштани истеҳсолот ва барои ҷалби инвесторҳо, ба корхонаи истеҳсоти алюминийи тоҷик на танҳо коҳиш додани хароҷот, балки муваққатан паст кардани истеҳсоти маҳсулот зарур аст.  Тадбирҳои зиддибуҳронӣ ва  кам кардани  хароҷотҳои истеҳсолот дар корхона тӯли чанд сол роҳандозӣ мегарданд. Дар ин бобат буҳрон-менеҷменти ширкат чунин меҳисобад, ки яке аз тадбирҳои муассир муваққатан боздоштани кори электролизёрҳо мебошад. То санаи 23-юми сентябр соли 2016 миқдори электролизёрҳо амалкунанда 303 ададро ташкил дод. 60 адад электролизёри дигар омодаи корандозӣ мебошанд. Вале фаъол кардани онҳо дар шароити мураккаби ба миёномадаи феълӣ арзиши маҳсулотро хеле боло бурда, дар натиҷа боиси афзоиши зарар ба ширкат шуда метавонад,- гуфт Игор Сатторов.

Ба гуфтаи  номбурда дар соли 2013 зарари ба ширкати «ТАЛКО» воридшуда 28,3 миллион ва соли 2014  бошад, 41 миллион долларро ташкил медод. Вале дар соли баъдӣ он қариб ду маротиба коҳиш дода шуд, ки ба 22,8 миллион доллар баробар карда шуд. Ба шароити вазнини иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар нимсолаи аввали соли равон аз фурӯши захираи маҳсулот имкони то 3,2 миллион доллар кам кардани зиёни ширкат ба даст омад, ки нисбат ба зарари ҳамин давраи соли 2015 16,3 миллион ё ба андозаи 80,4% коҳиш ёфтааст.

Дар охири суҳбаташ Игор Сатторов, Сардори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  хулоса намуд, зимни баррасӣ ва таҳлили омилҳои берунӣ ва дохилӣ, ки ба соҳаи алюминийи миллӣ таъсири манфӣ мерасонад, менеҷменти идораи буҳрони ширкат пешбинӣ менамояд, «афзоиши минбаъдаи истеҳсоли алюминий боиси аз 30 миллион доллар ҳам боло рафтани зиёноти «ТАЛКО» шуда метавонад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.