Раъйпурсии Озарбойҷон баргузоршуда эълон гардид

Дароз кардани муҳлати президентӣ, поин бурдани синни номзадӣ ва таъсиси мақоми ду ноиби раисҷумҳур яке аз тағйироти аслӣ дар Қонуни асосии Озарбойҷонанд. Бино ба иттилои сомонаи нашрияи «Фараж», бар пояи қонунгузорӣ, раъйпурсии ин кишвар баргузоршуда эълон гардид, зеро дар он беш аз 25%-и раъйдиҳандагон иштирок кардаанд. Рӯзи 26 сентябри соли равон дар Озарбойҷон барои ворид […]

Нашрияи «Фараж»

Дароз кардани муҳлати президентӣ, поин бурдани синни номзадӣ ва таъсиси мақоми ду ноиби раисҷумҳур яке аз тағйироти аслӣ дар Қонуни асосии Озарбойҷонанд.

Бино ба иттилои сомонаи нашрияи «Фараж», бар пояи қонунгузорӣ, раъйпурсии ин кишвар баргузоршуда эълон гардид, зеро дар он беш аз 25%-и раъйдиҳандагон иштирок кардаанд. Рӯзи 26 сентябри соли равон дар Озарбойҷон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар раъйпурсӣ гузаронида шуд.

Шаҳрвандон дар 5 ҳазору 627 нуқтаи овоздиҳӣ раъй дода, раванди овоздиҳиро 53 ҳазору 531 нозир мушоҳида карданд. Шумори шаҳрвандоне, ки ҳаққи додани раъйро доранд, ба беш аз 5 миллион нафар мерасад.

Қонуни асосии Озарбойҷон алакай ду бор, солҳои 2002 ва 2009 иваз шудааст. Ин бор раъйдиҳандагон маҷбур набуданд, ки ба ҳамаи пешниҳодҳо “ҳа” ё “не” бигӯянд, балки метавонистанд, пешниҳодҳои алоҳидаро қабул ё рад кунанд.

Ба назари нозирон, ҳадафи аслии бештари иловаҳо мустаҳкам кардани қудрати оилаи ҳукумрон ва худи президент Алиев аст. Аз ҳама тағйироти муҳим ин дароз кардани муҳлати президентӣ аз 5 то ба 7 сол аст.

Президенти кунунӣ Илҳом Алиеви 54-сола, ки соли 2003 қудратро аз падари бемораш ба "мерос" гирифтааст, се бор дар интихоботҳои 2003, 2008 ва 2013 баранда эълон шудааст ва давраи раёсати он қарор аст, соли 2018 ба поён расад. Синну соли миёнаи номзад ба мақоми президентӣ, ки феълан 35-сола аст, лағв ва синни номзадҳо ба порлумон аз 35 то 18 коҳиш дода шуд.

Коршиносон ба ин назаранд,ки тағйироти мазкур маҳз барои писари президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиеви 18-сола сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Озарбойҷон раъйпурсиро баргузоршуда эълон кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.