Коршинос: Ҳамаи қарорҳо дар доираи СААД рӯи коғаз хубанд

Коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки тамоми қарорҳое, ки дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамӣ (СААД) қабул мешаванд, танҳо рӯи коғаз хубанду аз то ба кадом андоза пурсамар амалӣ шудани онҳо касе огаҳии хуб надорад. «Ҳеҷ касе аз самаранокӣ ва саривақт иҷро шудани қарорҳо, ки дар сатҳи сарони кишварҳои узви СААД қабул мешавад, огаҳӣ […]

Asia-Plus

Коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки тамоми қарорҳое, ки дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамӣ (СААД) қабул мешаванд, танҳо рӯи коғаз хубанду аз то ба кадом андоза пурсамар амалӣ шудани онҳо касе огаҳии хуб надорад.

«Ҳеҷ касе аз самаранокӣ ва саривақт иҷро шудани қарорҳо, ки дар сатҳи сарони кишварҳои узви СААД қабул мешавад, огаҳӣ надорад», – мегӯяд собиқадори мақомоти умури дохилӣ ва мудофиаи Тоҷикистон, ки ифшои ному насабашро лозим надонист.

Ӯ мисол овард, ки ду сол қабл дар Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД дар бораи кумаки махсус ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои таҳкими имконоти он дар ҳифзи сарҳад бо Афғонистон қарори махсус қабул шуда буд.

«Аммо касе медонад, ки оё ин ин қарор иҷро шуд? Матбуот хабар ёфта буд, ки Беларус барои марзбонони тоҷик сарулибоси ҳарбӣ харида, Арманистон якчанд автомашинаҳои боркаши низомӣ медиҳад ва бо ҳамин тамом. Дар бораи уҳдадории бозигари асосии Созмон – Русия дар ин қарор умуман ҳеҷ чиз маълум нест», – гуфт коршинос.

Дар идома номбурда доир ба изҳороти сарони кишварҳои СААД моҳи декабри соли гузашта дар робита ба муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ сухан гуфта, изҳор намуд, ки он замон афзоиши таҳдиду хатарҳо ба амнияти Осиёи Марказӣ таъкид шуда буд.

«Боз ҳам саволе ба миён меояд, ки барои пешгирии хатарҳои зикршуда дар изҳорот чӣ корҳое ба сомон расиданд, дар доираи СААД баҳри пешгирии фаъолияти Давлати исломӣ чӣ тадбирҳое андешида шуданд ё ҳамааш танҳо рӯи коғаз боқӣ монд? Ба мо, мардуми оддӣ чизе маълум нест», – таъкид дошт коршинос.

Ёдрас мекунем, ки дабири кулли СААД Николай Бордюжа имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Душанбе меояд. Дар доираи омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ӯ бо раҳбарияти олии сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳо мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулугоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.