Барои Маскав Афғонистон лоиҳаи сиёсии Ғарб аст?

«Независимая газета»

Дар Брюссел конфронси дурӯзаи сарпарастону мададгорон оид ба Афғонистон бо иштироки намояндагони зиёда аз 70 кишвар ва 20 созмони байнулмилалӣ ба итмом расид. ИМА дар Афғонистон аллакай миллиардҳо доллар масраф карда, хостори ба кумаки молӣ ҷалб кардани шарикони аврупоиаш мебошад.

Нашрияи «Независимая газета» дар ин робита менависад, то охири соли 2020 ҳамасола ба Афғонистон ҷудо кардани 3 млрд. доллари ИМА  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назар буда, Русия ба кумак бо чархболҳо ва техникаи ҳарбӣ омода аст.

Дар кори конфронс президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба умури хориҷӣ ва амният Федерика Могеринӣ ва дигарон ширкат варзида, ҳайати Русияро намояндаи махсуси президенти ин кишвар дар Афғонистон Замир Кобулов намояндагӣ кардааст.

Масъалаи ҷудо шудани воситаҳо барои таҳкими фаъолияти сохторҳои қудратии Афғонистон дар ҳаҷми беш аз 4 млр. доллари ИМА то охири соли 2020 ҳанӯз моҳи июл дар нишасти НАТО дар Варшава тасдиқ шуда буд. Сарпарастони бузургтарини молии Афғонистон ИМА, Ҷопон ва Олмон мебошанд.

Бино ба иттилои Reuters, хароҷоти ИМА ба ин кишвар тақрибан 5 млрд. доллар дар як сол – наздики 4 млрд. барои нерӯҳои мудофиа ва амнияти миллӣ ва боз 1 млрд. доллар барои кумак ба аҳолиро ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, барои нигаҳдорӣ ва ҳузури нерӯҳои низомии ИМА дар Афғонистон ва қарордодҳо бо сохторҳои тиҷоратӣ боз миллиардҳо доллар харҷ мешавад.

Ба андешаи директори Маркази омӯзиши Афғонистон Умар Нисор, Русия ҳамкории пурра бо Афғонистонро роҳандозӣ накарда, танҳо дар якчанд самт ба он мусоидат мекунад.

«Русия Афғонистонро ба сифати лоиҳаи сиёсии Ғарб қабул мекунад. Вақте ки дар муносибатҳои Вашингтону Маскав вазъ рӯз то рӯз муташанниҷ мегардад, ба гумон аст, ки Маскав дар Афғонистон ба иқдомоти ҷиддӣ даст занад ва танҳо дар ҳолате ба ин кор рӯ хоҳад овард, ки агар дар онҳо нақши асосиро на шарикони ғарбии афғонҳо, балки худи онҳо бозанд», – иброз доштааст коршинос.

Ӯ ҳамчунин тағйирёбии вазъ дар муносибатҳои Русия ва Афғонистонро аз эҳтимол дур намедонад. «Агар оянда тағйироте ба гунаи мисол чун ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Афғонистон, ки айни замон дар он мақоми нозирро дорад, сурат бигирад, тағйирёбии ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишварҳо низ имконпазир аст», – афзудааст коршинос.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.