Барои Маскав Афғонистон лоиҳаи сиёсии Ғарб аст?

Дар Брюссел конфронси дурӯзаи сарпарастону мададгорон оид ба Афғонистон бо иштироки намояндагони зиёда аз 70 кишвар ва 20 созмони байнулмилалӣ ба итмом расид. ИМА дар Афғонистон аллакай миллиардҳо доллар масраф карда, хостори ба кумаки молӣ ҷалб кардани шарикони аврупоиаш мебошад. Нашрияи «Независимая газета» дар ин робита менависад, то охири соли 2020 ҳамасола ба Афғонистон ҷудо […]

«Независимая газета»

Дар Брюссел конфронси дурӯзаи сарпарастону мададгорон оид ба Афғонистон бо иштироки намояндагони зиёда аз 70 кишвар ва 20 созмони байнулмилалӣ ба итмом расид. ИМА дар Афғонистон аллакай миллиардҳо доллар масраф карда, хостори ба кумаки молӣ ҷалб кардани шарикони аврупоиаш мебошад.

Нашрияи «Независимая газета» дар ин робита менависад, то охири соли 2020 ҳамасола ба Афғонистон ҷудо кардани 3 млрд. доллари ИМА  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назар буда, Русия ба кумак бо чархболҳо ва техникаи ҳарбӣ омода аст.

Дар кори конфронс президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба умури хориҷӣ ва амният Федерика Могеринӣ ва дигарон ширкат варзида, ҳайати Русияро намояндаи махсуси президенти ин кишвар дар Афғонистон Замир Кобулов намояндагӣ кардааст.

Масъалаи ҷудо шудани воситаҳо барои таҳкими фаъолияти сохторҳои қудратии Афғонистон дар ҳаҷми беш аз 4 млр. доллари ИМА то охири соли 2020 ҳанӯз моҳи июл дар нишасти НАТО дар Варшава тасдиқ шуда буд. Сарпарастони бузургтарини молии Афғонистон ИМА, Ҷопон ва Олмон мебошанд.

Бино ба иттилои Reuters, хароҷоти ИМА ба ин кишвар тақрибан 5 млрд. доллар дар як сол – наздики 4 млрд. барои нерӯҳои мудофиа ва амнияти миллӣ ва боз 1 млрд. доллар барои кумак ба аҳолиро ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, барои нигаҳдорӣ ва ҳузури нерӯҳои низомии ИМА дар Афғонистон ва қарордодҳо бо сохторҳои тиҷоратӣ боз миллиардҳо доллар харҷ мешавад.

Ба андешаи директори Маркази омӯзиши Афғонистон Умар Нисор, Русия ҳамкории пурра бо Афғонистонро роҳандозӣ накарда, танҳо дар якчанд самт ба он мусоидат мекунад.

«Русия Афғонистонро ба сифати лоиҳаи сиёсии Ғарб қабул мекунад. Вақте ки дар муносибатҳои Вашингтону Маскав вазъ рӯз то рӯз муташанниҷ мегардад, ба гумон аст, ки Маскав дар Афғонистон ба иқдомоти ҷиддӣ даст занад ва танҳо дар ҳолате ба ин кор рӯ хоҳад овард, ки агар дар онҳо нақши асосиро на шарикони ғарбии афғонҳо, балки худи онҳо бозанд», – иброз доштааст коршинос.

Ӯ ҳамчунин тағйирёбии вазъ дар муносибатҳои Русия ва Афғонистонро аз эҳтимол дур намедонад. «Агар оянда тағйироте ба гунаи мисол чун ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Афғонистон, ки айни замон дар он мақоми нозирро дорад, сурат бигирад, тағйирёбии ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишварҳо низ имконпазир аст», – афзудааст коршинос.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.