Шукурҷон Зуҳуров нозукиҳои кор бо грантдеҳонро шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров тавсия дод, ки воситаҳои аз ҷониби грантдеҳон пешниҳодшуда самаранок истифода шаванд, то ки минбаъд низ дастгирии онҳо идома ёбад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ рӯзи 5 октябр Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон», ки ахири соли гузашта ба имзо расида буд, тасдиқ шуд. Дар ин санад ба Тоҷикистон ҷудо шудани беш аз 4,6 млн. доллари ИМА пешбинӣ мешавад.

Ба қавли роҳбари лоиҳа Муродалӣ Рӯзиев, татбиқи лоиҳа аллакай оғоз гардида, ҳудуди 80% аз ҳаҷми умумии воситаҳо барои харидории дастгоҳу доруворӣ ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла беш аз 1,5 млн. доллари ИМА – ба харидории таҷҳизот, 1,6 млн. – ба харидории доруворӣ, 800 ҳазор – ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони ин соҳа масраф мегардад ва боз 600 ҳазор доллари ИМА дар банди «хароҷот барои амалисозии лоиҳа» қарор дорад.

Дар ин робита раиси палата Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки дар доираи лоиҳа харҷи зиёда аз 1 млн. доллари ИМА барои дастрасии асбобу лавозимоти дуюмдараҷа, аз ҷумла кирояи мушвоирон, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон ва ғайра пешбинӣ мешавад.

«Эҳтиёткор бошед. Аз харидории чизҳои гуногун, масалан автомашинаҳо, асбобу лавозимоти нозарур барои кабинетҳои худ худдорӣ намоед. Ҳарчанд бо шумо намояндаи созмон ҳамроҳ кор кунад ҳам, грантдеҳон ба ин масъалаҳо аҳамият медиҳанд ва шумо бидуни розигии онҳо воситаҳоро масраф карда наметавонед», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Аслиддин Раҷабов, тайи 10 соли ахир шумори гирифторон ба бемории сил дар ҷумҳурӣ 16% ва сатҳи маргу мир аз ин беморӣ – 50% кам шудааст.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки айни замон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил амал мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.