Парлумон протоколи ҳифзи маълумоти махфӣ бо СААД-ро тасдиқ кард

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро ба тасвиб расонид. Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансур Умаров қайд кард, ки ин протокол ба ташкили низоми таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии амалҳои тахрибкорона бо истифода аз шабакаи Интернет, […]

Пайрав Чоршанбиев

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро ба тасвиб расонид.

Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансур Умаров қайд кард, ки ин протокол ба ташкили низоми таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии амалҳои тахрибкорона бо истифода аз шабакаи Интернет, ҳамкорӣ дар самти ошкор кардани ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ содир мешаванду дар қонунгузории миллӣ ба он ҳамчун ҷиноят бар зидди сохти конститутсионӣ ва хатар ба амнияти кишвар баҳо дода мешавад, нигаронида шудааст.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин санад таъмини амнияти давлатҳо, аз ҷумла ошкор намудани нияту талошҳо зидди сохти конститутсионӣ пешбинӣ шудаааст. «Чунин ҳамкорӣ барои мо хеле муҳим аст», – гуфт ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.