Назорати масҷидҳои Душанбе дар реҷаи он-лайн

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, тамоми масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи пойтахт бо камераҳои мушоҳидавӣ,  дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металлӣ ва мутамарказ намудани онҳо тавассути реҷаи мустақим (оn-line) таъмин мешаванд. Дар қарори раиси шаҳр ба сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи […]

Меҳрангез Турсунзода

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, тамоми масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи пойтахт бо камераҳои мушоҳидавӣ,  дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металлӣ ва мутамарказ намудани онҳо тавассути реҷаи мустақим (оn-line) таъмин мешаванд.

Дар қарори раиси шаҳр ба сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бетаъхир дар даромадгоҳ ва нуқтаҳои зарурии масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ, дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металлиро насб намуда, фаъолияти мунтазами самараноки онҳоро таъмин ва баҳри ба маркази ягона дар масҷиди ҷомеаи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» тариқи реҷаи мустақим (оn-line) ба роҳ мондани назорати доимии онҳо саҳмгузорӣ ва чораҷӯӣ намоянд.

Гуфта мешавад, ин қарор бо инобати дархости сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе, ҳамчунин хулосаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ қабул шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи март зимни кори мизи гирд дар Душанбе дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» 400 нафар ҷавонони тоҷик дархост карда буданд, ки барои омӯзиши адои намозу ибодат мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ гурӯҳи махсус таъсис дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.