«Саводнокии молиявӣ»: Аз амали қаллобон чӣ гуна худро метавон ҳифз кард?

Мавзӯи гузаштаи мо ба Интернет-бонкинг бахшида шуда буд. Имрӯз дар бораи чӣ гуна ба таври дуруст истифода бурдани Интернет-бонкинг барои ҳифз аз амали қаллобон сухан мегӯем. – Бодиққат нигоҳ кунед, то ин ки URL-суроғаи сомонаи Интернет-бонк бо «https: //» шурӯъ мешавад, на «http: //». – Барои ба сомонаи бонк гузаштан аз гиппер истинодҳо истифода набаред; […]

Asia-Plus

Мавзӯи гузаштаи мо ба Интернет-бонкинг бахшида шуда буд. Имрӯз дар бораи чӣ гуна ба таври дуруст истифода бурдани Интернет-бонкинг барои ҳифз аз амали қаллобон сухан мегӯем.

– Бодиққат нигоҳ кунед, то ин ки URL-суроғаи сомонаи Интернет-бонк бо «https: //» шурӯъ мешавад, на «http: //».

– Барои ба сомонаи бонк гузаштан аз гиппер истинодҳо истифода набаред; ба истинодҳои аз низоми ҷустуҷӯӣ ва почтаи электронӣ бовар накунед. Ҳар гоҳ Веб-суроғаро дастакӣ ворид кунед.

– Намуди расмии сомонаи бонк ё муассисаи молиявиро, тарзи идентификатсия ва аутентификатсияи сомонаро дар хотир нигоҳ доред. Истифодабарандаи боэҳтиёт  зери ҳамла  шудани сомонаро, тағйиротҳои хурдро дар саҳифаҳои стандартӣ,  хатогии имлоӣ ва грамматикӣ , тамғаи кӯҳна ё ивазшавии  ҷойи объектҳоро дарҳол пайгир мешавад.

– Ба паёмҳои матнӣ, ки тариқи почтаи электронӣ ё sms, ки гӯё аз ҷониби бонк ё муассисаи молиявӣ фиристода шудаанд, эътимод накунед. Бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ҳаргиз ба мизоҷони худ тавассути почтаи электронӣ барои тафтиши маълумот дархост намефиристонанд.

– Ба худ корти бонкии алоҳида кушода,  барои харид тавассути Интернет, танҳо онро истифода баред. Барои ин мақсад  корти қарзиро истифода накунед  ё сарфи маблағи онро маҳдуд намоед.

– Маълумоти корти бонкиро барои тасдиқи шахсият истифода набаред.

– Бо пешниҳоди Веб-браузер ё низомҳои дигар барои дар хотирашон нигоҳ доштани рамзҳо розӣ нашавед.

– Дар шабакаи Интернет, маълумоти шахсии худро (масалан, рақам ва суроғаи мактаб, насаби духтарӣ, санаи таваллуд, ва маълумотҳои дигареро, ки барои ҷавоби саволҳои амниятиии сомонаҳо истифода мешаванд) ҷойгир накунед. Ҷойгир кардани чунин маълумотҳо вазифаи ҷинояткоронро осон мегардонад.

Ҳеҷ кас аз амали қаллобон эмин нест, барои ҳамин дар хотир нигоҳ доштани ин иттилоот зарур аст. Чуноне ки мегӯянд, эҳтиёт ними ҳаёт.

Дафъаи оянда мо мавзӯро идома дода, дар бораи афзалиятҳо ва камбудиҳои Интернет-бонкинг  сухан меронем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.