Омодагӣ ба ҷудо кардани 15 млрд. $ барои рушди Афғонистон

– Иштирокчиёни конфронси байнулмилалии сарпарастон дар Брюссел ба ҷудо кардани 15,2 млрд. доллари ИМА ҷиҳати кумак ба Афғонистон омодагӣ изҳор намуданд, – хабар дод роҳбари дипломатияи аврупоӣ Федерика Могеринӣ. «Бо назардошти монда шудани сарпарастон баъди 15 соли кумак ба Афғонистон, бархе ба ин бовар надоштанд, вале бо вуҷуди ин, имрӯз мо гуфта метавонем, ки кишварҳои […]

Asia-Plus

– Иштирокчиёни конфронси байнулмилалии сарпарастон дар Брюссел ба ҷудо кардани 15,2 млрд. доллари ИМА ҷиҳати кумак ба Афғонистон омодагӣ изҳор намуданд, – хабар дод роҳбари дипломатияи аврупоӣ Федерика Могеринӣ.

«Бо назардошти монда шудани сарпарастон баъди 15 соли кумак ба Афғонистон, бархе ба ин бовар надоштанд, вале бо вуҷуди ин, имрӯз мо гуфта метавонем, ки кишварҳои иштирокчии конфронс ба ҷудо кардани 15,2 млрд. доллари ИМА маблағ омодаанд, ки аз тахминҳои хушбинтари мо ҳам зиёдтар аст», – иброз дошт ӯ.

Нашрияи Коммерсантъ дар ин робита менависад, аз ҳама бештар – 6 млрд. долларро Иттиҳоди Аврупо ҷудо мекунад. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин рӯзро барои кишвараш рӯзи фараҳбахш унвон кардааст.

Конфронси байналмилалии Афғонистон зери унвони “Шарикӣ баҳри шукуфоӣ ва сулҳ” бо ширкати ҳайатҳои 70 кишвар ва 30 созмону ниҳодҳои байналмилалӣ рӯзи 5 октябр дар Брюссел доир гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Асдов роҳбарӣ кард.

Як рӯз пеш аз конфронс зимни суханронӣ дар чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Ҳамгироии минтақавӣ ва шукуфоӣ” Сироҷиддин Аслов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла аҳамияти иҷрои тарҳҳои зерсохтории миллию минтақавиро, бахусус дар ҷодаҳои энержӣ, иртибототи нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъсиси бозорҳои наздисарҳадиро ҷалб намуд.

Дар ин росто ҳамчунин таваҷҷуҳи ширкаткунандагони чорабинии мазкур ба зарурати гирифтани иқдомҳои муассир барои таъмини амнияти долонҳои нақлиётӣ дар Афғонистон ва бартарафсозии монеаҳо дар самти тиҷорати байниминтақавӣ ва ҳамлу нақли транзитӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Афғонистон ва шукуфоии иқтисодии минтақа аст, ҷалб карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.