Бозии футболи мунтахабҳои Тоҷикистону Фаластин мусовӣ анҷом ёфт

Бозии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Фаластин, ки шоми рӯзи 5 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид, мусовӣ – 3 бар 3 анҷом ёфт. Ҳисобро дар қисми якуми бозӣ соҳибони майдон бо зарбаи 11-метраи аз ҷониби Нуриддин Давронов иҷрошуда боз намуда, дар аввали қисми дуюми бозӣ фаластиниҳо низ бо зарбаи 11-метра ҳисобро баробар карданд. Сипас […]

Asia-Plus

Бозии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Фаластин, ки шоми рӯзи 5 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид, мусовӣ – 3 бар 3 анҷом ёфт.

Ҳисобро дар қисми якуми бозӣ соҳибони майдон бо зарбаи 11-метраи аз ҷониби Нуриддин Давронов иҷрошуда боз намуда, дар аввали қисми дуюми бозӣ фаластиниҳо низ бо зарбаи 11-метра ҳисобро баробар карданд.

Сипас Даврон Эргашев тӯбро ба ҳадаф расонида, ҳисоб 2 бар 1 ба фоидаи Тоҷикистон шуд. Баъдан фаластиниҳо ба даровзаи Тоҷикистон якбора ду тӯб равона карда, ҳисобро 3 бар 2 ба фоидаи худ тағйир доданд. Дастаи Тоҷикистонро аз бохт голи Парвиз Умарбоев дар дақиқаҳои изофӣ ба вақти бозӣ наҷот дод.

Қобили зикр аст, ки бозии қаблии дӯстона миёни ин дастаҳо, ки 6 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Ҳеврон доир гардида буд, низ мусовӣ – бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар рейтинги ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) мунтахаби Фаластин дар зинаи 115-ум ва мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 144-ум қарор доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.