Намояндагони КДАМ ба мурофиаи судии сарбоз Шаҳбол Мирзоев ҳозир нашуданд

Имрӯз, 6 октябр дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе мебоист оид ба масъалаи таъини ҷубронпулӣ ба сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев мурофиаи навбатии судӣ доир мегардид. Мурофиа бинобар сабаби ҳозир нашудани ҷавобгарон – намояндагони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба он ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуда, санаи баргузории мурофиаи минбаъда алҳол номаълум аст. Қобили зикр […]

Asia-Plus

Имрӯз, 6 октябр дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе мебоист оид ба масъалаи таъини ҷубронпулӣ ба сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев мурофиаи навбатии судӣ доир мегардид.

Мурофиа бинобар сабаби ҳозир нашудани ҷавобгарон – намояндагони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба он ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуда, санаи баргузории мурофиаи минбаъда алҳол номаълум аст.

Қобили зикр аст, ки ахири соли гузашта, дар ҷараёни мурофиа оид ба ин парванда, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ  аз суд дархост намуд,  ки даъвои наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоеви аз ҷониби ҳамхизматаш латукӯбшуда оид ба ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 241 ҳазор сомонӣ рад карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Баъди мавриди амал қарор гирифтани ду қонуни авфи ахир, аз муҳлати ҷазои ӯ камтар аз се сол боқӣ мондааст.

Моҳи майи соли 2015 Суди гарнизони Душанбе дар бораи қисман қонеъ кардани даъвои сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев оид ба ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ ҳалнома содир намуд. Суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 97 ҳазору 265 сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ ва ҳамчунин 20 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ (аз 180 ҳазор сомонии талабшуда) ба даъвогар уҳдадор кард, лекин баъди ин ҳам ҷонибҳо аз даъвоҳояшон даст накашида, моҳи августи соли 2015 Ҳайати мушовараи Суди олии Тоҷикистон бо баррасии шикоятҳои таҷдиди назари тарафҳо, қарори суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 25 майи соли 2015-ро комилан бекор шумурда, парвандаро ҷиҳати баррасии нав ба суди ҳарбии гарнизони Душанбе фиристод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.