Номгузории яке аз кӯчаҳои Душанбе ба ифтихори нахустин сарвазири Тоҷикистон

Аваз Юлдошев

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кӯчаи Соҳилии пойтахт ба ифтихори нахустин сарвазири Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев номгузорӣ шуд, ки моҳи апрели соли гузашта аз олам даргузашта буд.

Иззатулло Ҳаёев 22 июни соли 1936 дар ноҳияи Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушода, давоми солҳои 1986-1990 ба ҳайси раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва солҳои 1991-1992 дар мансаби нахустин сарвазири Тоҷикистони соҳибистиқлол ифои вазифа кардааст.

Ғайр аз ин, бо қарори Маҷлиси вакилони пойтахт яке аз гузаргоҳҳои кӯчаи Шестопалов ба номи ходими давлатӣ Собир Абдуллоев ва кӯчаи Фадеев ба номи собиқ раиси ноҳияи Синои пойтахт Зафар Сафарзода гузошта шуд. Зафар Сафарзода моҳи майи ҳамин сол фавтида буд.

Қобили зикр аст, ки моҳи августи соли равон васоити ахбори умуми Русия доир ба табдили номи кӯчаву хиёбонҳо дар пойтахти Тоҷикистон маводҳои пурсарусадо ва ҳангоманок ба нашр расонида, дар онҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки «Тоҷикистон роҳи Украина»-ро такрор карда, насли ҷавон хоҳиши арҷу эҳтироми таърихи кишвари худро надорад.

Ин сарусадову ҳангомаҳои васоити ахбори умуми Русия аксариятро дар Душанбе ба тааҷҷуб овард, ки чаро Русия ба ин гунае ба табдили номи кӯчаву хиёбонҳо дар Душанбе вокуниш нишон медиҳад?

Сергей Абашин, доктори улуми таърих, профессори Донишгоҳии аврупоӣ дар Санкт-Петербург дар ин робита изҳор намудааст, ки вокуниши Русия дар сатҳи идораи сиёсати хориҷӣ ба қарори ҳукуматдорони Тоҷикистон оид ба тағйири номи кӯчаву хиёбонҳо дар таҷрибаи муносибатҳо миёни давлатҳо бесобиқа аст.

«Раванди тағйири номи кӯчаҳо на ба ҷумҳурӣ, балки ба мақомоти маҳаллии ҳокимият ва сокинони ин мавзеъҳо дахл дорад. Дар ин ҳолат далеле боиси ҳайрат аст, ки ҳукуматдорони кишваре, ки кайҳост низ коммунистӣ нест, аз дигар кишварҳо ҳифзу нигаҳдории мероси коммунистиро интизоранд. Дар худи Русия раванди табдили номи номгӯйҳои ҷуғрофӣ фаъолона ҷараён дорад. Масалан, шаҳре, ки ман дар он иқомат дорам, қаблан Ленинград ном дошт, вале ҳозир Санкт-Петербург аст», – зикр кардааст профессор.

Ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави Русия низ кӯчаву хиёбонҳо табдили ном ва даҳҳо ҳайкалу нимпайкараҳое, ки ба даврони шӯравӣ ягон муносибате доштанд кӯчонида ё аз миён бардошта шуданд ва аз ин рӯ, Русия ба танқиди дигар кишварҳое, ки аз рамзҳои собиқ шӯравӣ халос шуданианд, ҳуқуқи маънавӣ надорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...