Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон меояд

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенкот бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Ӯ рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи оянда, 13 октябр ба Душанбе ташриф меорад. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар кори Форуми V байнулмилалии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ», ки дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон дар пойтахт доир мегардад, ширкат меварзад. Дар доираи ин сафар ба Душанбе […]

Аваз Юлдошев

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенкот бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Ӯ рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи оянда, 13 октябр ба Душанбе ташриф меорад.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар кори Форуми V байнулмилалии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ», ки дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон дар пойтахт доир мегардад, ширкат меварзад.

Дар доираи ин сафар ба Душанбе Валентина Матвиенко бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷики худ – раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтушунид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, айни замон 83 субъекти Русия ба ин ё он гунае бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.