Натиҷагирӣ аз озмун миёни соҳибкорзанон «Фараҳ-2016»

Дар толори меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe»-и пойтахт рӯзи 6 октябр аз озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол» Ҷоизаи «Фараҳ-2016» натиҷагирӣ шуд. Зимни суханронӣ дар ин маросим раиси раёсати Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон, директори генералии ТҚХ «Имон Интернешнл» ва муаллифи лоиҳаи мазкур Гулбаҳор Маҳкамова изҳор дошт, ки тӯли давраҳои баргузории озмун (солҳои 2012, 2014 ва […]

Asia-Plus

Дар толори меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe»-и пойтахт рӯзи 6 октябр аз озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол» Ҷоизаи «Фараҳ-2016» натиҷагирӣ шуд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим раиси раёсати Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон, директори генералии ТҚХ «Имон Интернешнл» ва муаллифи лоиҳаи мазкур Гулбаҳор Маҳкамова изҳор дошт, ки тӯли давраҳои баргузории озмун (солҳои 2012, 2014 ва 2016) дар он беш аз 100 нафар соҳибкорзанон иштирок карда, имрӯз ҳамаи онҳо барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар шабакаи ягонаи занони соҳибкор муттаҳид карда шудаанд.

Ҳадафи аслии озмуни мазкур ҷалби таваҷчуҳи ҷомеа ба рушди соҳибкорӣ миёни занон ва мушкилоти бо шуғл фаро гирифтани онҳо, муайян кардани пешво ва роҳбарон миёни занҳои соҳибкор ва таблиғи таҷрибаи онҳо миёни ҷавонзанони кишвар мебошад.

Сипас ғолибони озмун дар 6 номинатсия эълон ва ба онҳои ҷоизаҳо тақдим шуданд, ки инҳо мебошанд:

Дар номинатсияи «Соҳаи истеҳсолот» – Наргис Шерматова.

Дар номинатсияи «Соҳаи кишоварзӣ – Сурайё Боқиева

Дар номинатсияи «Соҳаи хизматрасониҳои тиббӣ ва маориф» – Манзура Ғафурова

Дар номинатсияи «Соҳаи хизматрасонӣ ва хӯроки умумӣ» – Шарофат Ғозиева

Дар номинатсияи «Соҳаи зебогӣ, мӯд, дизайн ва ҳунармандӣ» – Аксиния Пастух

Дар номинатсияи «Оғози тиҷорати нав – старт-ап» – Лола Каримова

Ба дорандаи Шоҳ-ҷоизаи озмун Манзура Ғафурова аз номи сарпарасти кулли озмун ТҚХ «Имон Интернешнл» 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд.

Ба ҳамаи иштирокчиёни даври финалии озмун аз номи дигар сарпарастон – Бонки осиёгии рушд, ширкатҳои Tcell, Faberlik  ва дигарон туҳфаҳои арзишманд ва ҳамчунин роҳхатҳо ба Латвия, Гурҷистон ва Қазоқистон тақдим карда шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол» Ҷоизаи «Фараҳ-2016» бо дастгирии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID), ТҚХ «Имон Интернешнл», дигар созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ ва ширкатҳои хусусии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.