HRW ҳукумати Тоҷикистонро ба фавран озод кардани адвокатҳо даъват кард

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch (HRW) ва Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки адвокатҳои ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкумшуда бетаъхир озод карда шаванд. Суди шаҳри Душанбе санаи 6 октябр адвокатҳо Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин […]

Asia-Plus

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch (HRW) ва Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки адвокатҳои ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкумшуда бетаъхир озод карда шаванд.

Суди шаҳри Душанбе санаи 6 октябр адвокатҳо Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Дар изҳороти интишоршуда дар торнамои HRW дар ин робита қайд мешавад, ки мурофиаи судӣ бо истифода аз «рафтори бераҳмона» сурат гирифта, ҳукм «ангезаи сиёсӣ дар пай дорад».

«Адвокатҳо бояд фавран озод карда шуда, ҳукуматдорон бояд мустақилияти соҳаи адвокатура дар Тоҷикистонро таъмин кунунд», – таъкид мешавад дар изҳорот.

Хабаргузории «Озодагон» дар мавриди ин масъала иттилоъ медиҳад, ки Стив Свердлов, пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна дар ин изҳорот гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон бо ин таъқиби қонунӣ талош доранд садои ин ду вакили мудофеи фаъолро хомӯш кунанд ва ин ҳукм зарбаест ба мустақилияти таъмини риояи ҳуқуқ дар Тоҷикистон аст.

Қобили зикр аст, ки суд Бузургмеҳр Ёровро мутобиқи 5 модда ва Нуриддин Маҳкамовро мувофиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуд. Ҳарду адвокат ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуданд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

Адвокат Нуриддин Маҳкамов охири моҳи октябри соли гузашта ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд. Ӯ низ корманди коллегияи адвокатҳои «Сипар» буд. То замони боздошт Маҳкамов ният дошт, ки ба ҳимояи манфиатҳои ҳамтои боздоштшудаи худ пардозад, вале барои ин кор иҷозатнома дастрас карда натавонист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.