Ҳудуди 35%-и иншооти пешбинишуда дар Душанбе ба қабули гармӣ омода нестанд

Аваз Юлдошев

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими гармидиҳӣ баррасӣ шуда, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз омодагии биноҳову иншоот ба қабули гармӣ нигаронӣ изҳор намуд. Дар иҷлосия қайд шуд, ки бо қарори ҳукумат то санаи 1 октябр 1 ҳазору 242 иншоот дар Душанбе бояд ба қабули гармӣ […]

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими гармидиҳӣ баррасӣ шуда, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз омодагии биноҳову иншоот ба қабули гармӣ нигаронӣ изҳор намуд.

Дар иҷлосия қайд шуд, ки бо қарори ҳукумат то санаи 1 октябр 1 ҳазору 242 иншоот дар Душанбе бояд ба қабули гармӣ омода мешуданд, аммо то имрӯз ҳамагӣ 812-тои онҳо (65,4% аз нақшаи пешбинишуда) омода шудаанд.

Ҳамин тариқ, аз 1 ҳазору 82 адад биноҳои истиқоматӣ – ҳамагӣ 696 адад, аз 30 адад мактабҳо – 24 адад, аз 22 кӯдакистонҳо – 15 адад, аз 19 адад муассисаҳои тандурустӣ – 19 адад ва аз 89 адад биноҳои дигар ташкилоту идораҳо – 58 ададашон ба қабули гармӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон омода гардидаанд.

Раиси пойтахт ба муовинони худ ва раисони ноҳияҳо дастур дод, ки ҳарчи зудтар ин камбудиҳоро ислоҳ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба мавсими зимистон, муовини нахуствазир Азим Иброҳим аз ҷараёни омодагии шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон нигаронӣ изҳор намуд.

Ӯ аз раисони ноҳияҳои пойтахт иҷрои саривақтии дастурҳои сарвари давлат дар мавриди омодагии манзилҳои истиқоматӣ ба қабули гармиро тақозо карда, ба мансабдорони масъул супориш дод, ки ҳар як ду рӯз ба ҳукумат доир ба рафти иҷрои ин корҳо ҳисобот диҳанд.

Муовини нахуствазир вобаста ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар гузариши дарёҳои Душанбе ва Лучоб  ва камбудиҳо дар ин самт низ низ изҳори нигаронӣ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.