Тоҷикистон ба «ЭКСПО 2017» омодагӣ мегирад

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иштироки ҷумҳурӣ дар Намоиши махсуси байнулмилалии «Остона – ЭКСПО 2017» қарор қабул кард. Дар қарор дастур дода шудааст, ки дар назди ҳукумат Кумитаи тадорукот оид ба омодагии Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиш таъсис дода шавад. Муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саид раиси Кумитаи тадорукот таъин шудаааст. Бино ба маълумоти Палатаи савдо […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иштироки ҷумҳурӣ дар Намоиши махсуси байнулмилалии «Остона – ЭКСПО 2017» қарор қабул кард.

Дар қарор дастур дода шудааст, ки дар назди ҳукумат Кумитаи тадорукот оид ба омодагии Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиш таъсис дода шавад. Муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саид раиси Кумитаи тадорукот таъин шудаааст.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ба Палатаи мазкур ва Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ супориш шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор номгӯи чорабиниҳои зарурӣ барои омодагӣ ва иштироки Тоҷикистон дар намоиши «ЭКСПО 2017»-ро таҳия намоянд.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии «ЭКСПО 2017», то имрӯз иштироки худ дар ин намоишро 104 кишвар тасдиқ намуда, 98 давлат комисарони худро таъин ва 82 кишвар шартномаи иштирокро ба имзо расонидаанд.

Намоиши махсуси байнулмилалии «Остона – ЭКСПО 2017» дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона аз 10 июн то 10 сентябри соли 2017 баргузор мешавад. Дастандаркорони намоиш интизорӣ доранд, ки аз ин намоиш ҳудуди 5 млн. нафар боздид хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон қаблан дар намоиши байнулмилалии «ЭКСПО-67» (Монреал, Канада), «ЭКСПО – 70» (Осака, Япония), «ЭКСПО – 2000» (Ганновер, Олмон), «ЭКСПО – 2005» (Айчи, Япония), Намоиши ҷаҳонии универсалии «ЭКСПО-2010» (Шанхай, Чин), Намоиши ҷаҳонии «ЭКСПО-2012» (Ёсу, Ҷумҳурии Корея) ҳузур дошта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.