Захираҳои тиллои Тоҷикистон 12,3 тоннаро ташкил медиҳанд

Дар рейтинги моҳи октябри Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) миёни 100 кишвари дорои захираҳои бештари тилло Тоҷикистон зинаи 67-умро ишғол мекунад, ки захираи тиллои он 12,3 тонна арзёбӣ шуда, ин миқдор 79,7% аз ҳаҷми умумии захираҳои тиллову асъори кишварро ташкил медиҳад. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон пешсаф буда, захираҳои тиллои он – 244 тонна […]

Asia-Plus

Дар рейтинги моҳи октябри Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) миёни 100 кишвари дорои захираҳои бештари тилло Тоҷикистон зинаи 67-умро ишғол мекунад, ки захираи тиллои он 12,3 тонна арзёбӣ шуда, ин миқдор 79,7% аз ҳаҷми умумии захираҳои тиллову асъори кишварро ташкил медиҳад.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон пешсаф буда, захираҳои тиллои он – 244 тонна ва Қирғизистон – 4,4 тоннаро ташкил медиҳанд. Ӯзбекистону Туркманистон дар рейтинг зикр нашудаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳову созмонҳои дорои захираи бештари тилло ИМА (8133 тонна), Олмон (3378 тонна), Хазинаи байнулмилалии асъор (2814 тонна), Италия (2451 тонна), Франсия (2435 тонна), Чин (1833 тонна), Русия (1526 тонна), Швейтсария (1040 тонна), Япония (765 тонна) ва Нидерланд (612 тонна) шомил мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, маълумот дар бораи ҳаҷми захираи тиллову асъор дар Тоҷикистонро ҳукуматдорон ифшо намекунанд. «Доир ба ҳаҷми захираҳои тиллову асъор маълумот дода наметавонам, зеро он дар сатҳи ҳукумат махфӣ шудааст. Танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки захираҳо дар ҳаҷми воридот афзуданд ва идомаашро худатон ҳисобу китоб кунед, вале дар нашри ин маълумот эҳтиёткор бошед, чунки на ҳама вақт рақамҳо ба воқеъият мутобиқанд. Ман танҳо ҳаминро қайд мекунам, ки 90%-и захираи тиллову асъори Тоҷикистон аз тиллои холис ва 10%-аш аз асъор иборат аст. Захираҳои тиллову асъори Тоҷмикистон ҳамасола дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна 40% зиёд мешаванд», – изҳор дошта буд моҳи июли соли равон ба рӯзноманигорон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ӯ зикр карда буд, ки ба Бонки миллӣ муяссар шудааст, ки сатҳи захираҳои тиллову асъорро аз 1,4 моҳ то 2,4 моҳи  баробар (эквивалент) ба ҳаҷми воридот афзоиш дода, ҳамчунин хариди тилло барои захира низ зиёд шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ҳаҷми захираҳои тиллову асъор 481 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2014 ба андозаи 28% зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулугоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.