Ишқ сарҳад надорад: издивоҷи марди 71-солаи чинӣ бо маъшуқаи 114-солааш

Дар Чин як зани 114-сола Чжан баъди як соли фикру мулоҳизаронӣ розӣ шуд, ки бо дӯстдори 71-солаш Чжэн издивоҷ кунад. Бино ба маълумоти портали Sina, маросими издивоҷи ин ҷуфти пиронсолон дар музофоти Баучи ноҳияи Қошғар (ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин) баргузор шудааст. Пас аз издивоҷ Чжен изҳор доштааст, ки бо ҳамсараш дар хонаи пиронсолон шинос шуда, […]

Asia-Plus

Дар Чин як зани 114-сола Чжан баъди як соли фикру мулоҳизаронӣ розӣ шуд, ки бо дӯстдори 71-солаш Чжэн издивоҷ кунад.

Бино ба маълумоти портали Sina, маросими издивоҷи ин ҷуфти пиронсолон дар музофоти Баучи ноҳияи Қошғар (ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин) баргузор шудааст.

Пас аз издивоҷ Чжен изҳор доштааст, ки бо ҳамсараш дар хонаи пиронсолон шинос шуда, аввал аз таомпазии Чжан ба ваҷд омадааст ва сипас таваҷҷуҳ кардааст, ки ӯ як инсони хеле хуб аст.

Ин мард иқрор шудааст, ки ҳарчанд чандин маротиба зан дархости ӯ барои издивоҷро рад карда бошад ҳам, муддати як сол ба ӯ изҳори ишқ намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки Чжан ба ӯ майлу рағбат пайдо кунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.