Нигаронии амиқи СММ аз вазъи инсонӣ дар шаҳри Кундуз

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 10 октябр эълон кард, ки беш аз 33 ҳазор нафар аз мардуми Кундуз барои наҷот ёфтан аз ҳамлаҳои Толибон ва даргириҳои онҳо бо нерӯҳои давлатӣ, аз ин шаҳр гурехтаанд. Афроди гурӯҳи Толибон ҳафтаи гузашта аз чанд самт барои ишғоли шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз ҳамлаҳоро оғоз карданд, аммо бо муқовимати […]

Радиои Озодӣ

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 10 октябр эълон кард, ки беш аз 33 ҳазор нафар аз мардуми Кундуз барои наҷот ёфтан аз ҳамлаҳои Толибон ва даргириҳои онҳо бо нерӯҳои давлатӣ, аз ин шаҳр гурехтаанд. Афроди гурӯҳи Толибон ҳафтаи гузашта аз чанд самт барои ишғоли шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз ҳамлаҳоро оғоз карданд, аммо бо муқовимати нерӯҳои давлатӣ рӯбарӯ шуданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Дафтари ҳамоҳангсозии умури инсонии СММ эълон кардааст, ки фирориён аз ҷангҳои Кундуз ба таври фаврӣ ба ғизо ва доруворӣ ниёз доранд. Даниэл Мойлан, як масъули ин ниҳод дар сӯҳбати телефонӣ аз Кобул гуфтааст, ки "Созмони Милали Муттаҳид ба таври амиқ аз вазъи инсонӣ дар шаҳри Кундуз нигарон мебошад."

Вай илова кардааст, ки аз ҳашт рӯз ба ин тараф, сокинони шаҳри Кундуз ба таври маҳдуд ба обу барқ дастрасӣ дошта, онҳо гузоришҳое дар даст доранд, ки дар ин шаҳр миқдори ками ғизо боқӣ мондааст ва мардум бо душворӣ метавонанд маводи хӯрокворӣ пайдо кунанд.

Гуфта мешавад, нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти ҳавоии Амрико барои поксозии Кундуз бо душвориҳо рӯбарӯ ҳастанд, зеро афроди Толибон дар минтақаҳои аҳолинишин сангар гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати муҳоҷирати Афғонистон эълом кардааст, ки шумораи оворагони фирорӣ аз Кундуз эҳтимолан ба 100 ҳазор нафар хоҳад расид. Аксари фирориён аз Кундуз ба вилоятҳои ҳамҷавори Тахору Бағлон ва ҳамчунин Кобулу Бадахшон паноҳ бурдаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.