Samsung аз харидорон қатъи кори Galaxy Note 7-ро дархост кард

Ширкати Samsung Electronics доир ба боздоштани фурӯши телефонҳои Galaxy Note 7, ки чандин маротиба дар дохили ҳавопаймоҳо оташ гирифтанд, маълумот интишор намуда,  аз афроде, ки онро харидаанд, хомӯш кардан ва дигар ба кор надаровардани онро дархост намудааст. Бино ба иттилои хабаргузории Reuters бо такя ба маълумоти ширкати Кореяи Ҷанубӣ, Samsung аз ҳамаи шарикони худ дар […]

Asia-Plus

Ширкати Samsung Electronics доир ба боздоштани фурӯши телефонҳои Galaxy Note 7, ки чандин маротиба дар дохили ҳавопаймоҳо оташ гирифтанд, маълумот интишор намуда,  аз афроде, ки онро харидаанд, хомӯш кардан ва дигар ба кор надаровардани онро дархост намудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters бо такя ба маълумоти ширкати Кореяи Ҷанубӣ, Samsung аз ҳамаи шарикони худ дар ҷаҳон хоҳиш кардааст, ки дар муддати санҷиши расмӣ фурӯш ва табодули смартфонҳои Galaxy Note 7-ро қатъ созанд.

Ин маълумот дар сомона барои корбарон дар ИМА интишор шуда, дар торнамо барои корбарони Русия то замони нашри ин хабар дар ин хусус маълумот вуҷуд надошт. Барои корбарони ИМА ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки бо телефон барои машварат муроҷиат намуда, метавонанд смартфони худро бо Galaxy S7 ё Galaxy S7 edge бо имкони бонуси 25 доллар иваз намоянд.

Намояндаи комиссияи амрикоии ҳимоя аз ҳуқуқҳои истеъмолгарон Эллиот Кей ин тасмими Samsung-ро дуруст арзёбӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки яке аз смартфонҳои Galaxy Note 7 баъди камтар аз як шабонарӯз харидорӣ шуданаш аз ҷониби сокини 25-солаи Чин Хуэй Ренҷи дар дасти молики он таркида, бар асари он ду ангушти ӯ каме осеб дид. Пас аз ин 10 октябр ширкати Samsung изҳор дошт, ки истеҳсоли смартфонҳои Galaxy Note 7 муваққатан боздошта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.