Дар Исфара муҷассамаи зардолу бунёд гардид

Asia-Plus

Чанде пеш дар маркази шаҳри Исфара, дар пешорӯйи маркази савдои «Пайванд» муҷассамаи зардолу бунёд гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зардолуи мазкур ба хотири он ки манбаи асосии даромади сокинон, омили муҳими фаровонии дастархони мардум ва муаррифгари умдаи мардуми Исфара дар миқёси ҷумҳуриву минтақа ва ҳатто ҷаҳон маҳсуб мешавад, гузошта шуд.

Майдони умумии боғ дар Исфара ба 12 ҳазору 258 гектар баробар аст, ки аз он 10 ҳазору 600 гектарашро боғоти зардолу ташкил медиҳад ва инҷо зиёда аз 21 навъҳои зардолу парвариш карда мешаванд. Зардолуҳои шаҳдрези Исфара аз рўи қанднокӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ босифаттарин ба ҳисоб мераванд.

Сокинони шаҳру деҳоти Исфара рӯзгори худро бе парваришу ғунучин ва бастубанди меваи зардолу тасаввур карда наметавонанд ва сарвату неъмати хонаводагиашон маҳз меваи зардолуст. Гузашта аз он чанд соли охир дар шахру деҳоти Исфара 11 корхонаҳои коркард ва басту банди зардолу ба фаъолият пардохтанд, ки маҳсулоти онҳо акнун Исфара ва сокинонашро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳад кард.

Дар 9 моҳи соли 2016 аз Исфара ба хориҷи кишвар 13 ҳазору 267 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки аз он беш аз 12 ҳазор тоннаашро меваи хушк ташкил медиҳад. Содирот асосан ба Русия (70%), Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ (20%), Аврупо ва Амрико(10%) сурат гирифтааст.

Бо назардошти гуфтаҳои боло пайдоиши муҷассамаи зардолу дар маркази шаҳрро дарк кардан душвор нест.

Баландии муҷассамаи аҷиб дар Исфара 5 метру 70 сантиметр буда, васеъгиаш баробари 4 метр аст. Муаллиф ва бунёдгари ин нигораи нодир ҳунарманди маҳаллӣ Саидxон Муҳаммадиев, ки бо чунин навъи кор қаблан дар Русияву Аморати Муттаҳидаи Араб машғул шудааст, мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.