Эмомалӣ Раҳмон: Русия ва Тоҷикистон шарикони воқеии стратегӣ мебошанд

Имрӯз дар Қасри Миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.  Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Русия  ва Тоҷикистон шарикони воқеии  стратегӣ […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри Миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

 Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Русия  ва Тоҷикистон шарикони воқеии  стратегӣ буда дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

Аз раванди рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия изҳори қаноатмандӣ гардида ба нақши парлумонҳои ҳарду давлат барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳо баҳои баланд дода шуд.Таъкид гардид, ки Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия  оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ на танҳо барои парлумонҳо балки барои намояндагони тамоми минтақаҳо ва доираи кории ҳар ду давлат  майдони фарохи рушди ҳамгироии муштарак ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону  Русия, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, беҳтаргардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари доираи сармоягузорону соҳибкорони Русия ба истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки табии Тоҷикистон табодули афкори судманд доир гардид.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангу  маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Ҳамчунин  дар мулоқот доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон,таҳкими иқтидори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза бар зиди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм табодули афкор сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.