Ҳамоиши оммавӣ ба хотири солгарди марги Умаралӣ дар Петербург

Дар нахустин солгарди марги навраси тоҷик Умаралӣ Назаров, мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои баргузории ҳамоиши оммавӣ иҷозат додааст. Бино ба иттилои нашрияи «Фараж» бо такя ба маълумоти расонаҳои Русия, ҳамоиши оммавӣ имрӯз, 13-уми октябр соати 19 дар “Марсовом поле” баргузор шуда, ин ҳамоиш, ки дар нахустин солгарди марги мармузи Умаралӣ баргузор мешавад, масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони […]

Нашрияи «Фараж»

Дар нахустин солгарди марги навраси тоҷик Умаралӣ Назаров, мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои баргузории ҳамоиши оммавӣ иҷозат додааст.

Бино ба иттилои нашрияи «Фараж» бо такя ба маълумоти расонаҳои Русия, ҳамоиши оммавӣ имрӯз, 13-уми октябр соати 19 дар “Марсовом поле” баргузор шуда, ин ҳамоиш, ки дар нахустин солгарди марги мармузи Умаралӣ баргузор мешавад, масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони муҳоҷирон ба миён гузошта хоҳад шуд.

Умаралӣ Назаров, навзоди тоҷик 13 октябри соли гузашта дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова аз сӯи пулиси ноҳияи Адмирали шаҳри Петербург дар беморхонаи Сембалина ба таври мармуз ҷон дод.

Дар ташхиси такрории марги Умаралӣ гуфта шудааст, ки гӯиё Умаралӣ чанд рӯз қабл аз интиқолаш ба пулис ба бемории парагрипп мубтало шудааст, аммо волидонаш ӯро муолиҷа накардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.