Таъкиди БОҶ ба зарурати ҳамкории қавӣ ва созанда

Иттилоияи расмӣ

Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ) Рӯзи Ҷаҳонии Ғизоро дар санаи 16 октябри соли 2016 қайд намуда, ба зарурати ба роҳ мондани шарикии қавӣ ва созанда миёни Мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва созмонҳое, ки иқдомҳои заруриро дар самти ноил гаштан ба Ҷаҳони Бидуни Норасоии Ғизо амалӣ намуда, ба ояндаи дурахшони кӯдакон саҳм мегузоранд, ишора мекунад.

“Имконияти хотима додан ба норасоии ғизо дар давраи зиндагии мо вуҷуд дорад. Мо метавонем, ҷаҳонеро созем, ки дар он ҳамагон дар ҳама макон ба хӯрокаи ғизонок дастрасӣ дошта бошанд – ба шарте, ки мо дар якҷоягӣ ҳамчун Ҳамкор фаъолият намоем”, – мегӯяд Ертарин Козин, Директори Иҷроияи БОҶ. – Хоҳ дар заминаи фаъолиятҳо башардӯстона бошад, хоҳ амалиётҳои рушд, шарикӣ бояд қавӣ, стратегӣ ва инноватсионӣ бошад ва бояд ба ин шарикӣ аз назари тағйир додани зиндагии аҳолии ниёзманд баҳогузорӣ карда шавад.”

БОҶ дар соли 2015 ба зиёда аз 17 миллион кӯдак дар 62 кишвари олам хӯрокаи гарм ва ё газак таъмин намудааст, ки ин ғизо барои бадани онҳо ва амалӣ гаштани орзӯи онҳо аст. Агар барномаи хӯрокаи мактабӣ бо шарикӣ татбиқ гардад ва ба барномаҳои ҳатмии маориф ҳамгироӣ карда шавад, пас ғизои мактабӣ катализатори дастовардҳо ва имкониятҳои соҳа мегардад.

БОҶ дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият намуда, айни замон кумаки зиёда аз 550.000 одамонро пешбинӣ кардааст, ки дар доираи дастгирии ташшабусҳои Ҳукумати мамлакат дар ноил гаштан ба ҳадафҳои Стратегияи Миллии Рушд мебошад.

“Ғизо дар мактаб метавонад як чизи хурд намояд, аммо барои оилаҳои ниёзманд бештар аз он аст. Дар тӯли сафари худ ба ноҳияи Айнӣ Сурайё,и модари се фарзанд ба ман гуфт, ки хӯрока дар мактаб барои оилаи ӯ дастгирии хубе ҳаст, ки барои сарфа намудани даромадҳои оилааш сабаб шудааст”, – қайд кард Паоло Маттей, директори БОҶ дар Тоҷикистон. – Ӯ ба ман гуфт, ки бо ташшабуси БОҶ ҳуррӯза фарзандони ман дар мактаб таоми гарм ва нон тановул карда лаззат мебаранд ва ин барои ӯ бисёр ҳам гуворо аст, зеро таоми серғизо дар доираи мактаб расонида мешавад.”

Барномаи Ғизои мактабӣ бо дастгирии БОҶ амалӣ мегардад, ки таввасути он 370.000 хонандагон дар зиёда аз 2000 мактаб бо хӯрока таъмин мегарданд, ки ба баланд бардоштани қобилияти дарсомӯзии кӯдакон ва давомоти доимии онҳо мусоидат мекунад.

БОҶ инчунин барои “истеҳсоли ватанӣ” гардонидани хӯрокаи мактабӣ кушиш ба харҷ медиҳад. Дар доираи барномаи ҷадиди Ғизои Мактабӣ аз Истеҳсоли ватанӣ, кӯдакон аз таомҳои гуногуни аз маҳсулоти маҳаллӣ омодашуда баҳраманд мегарданд, дар баробари ин деҳқонон, тоҷирон ва аҳолии маҳал низ самараи молиявӣ ба даст меоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...