ВКД аз боздошти гумонбар ба қатли сокини Хоруғ маълумот дод

Дар шаҳри Хоруғ гумонбар ба куштори сокини 33-солаи ҳамин шаҳр Фирӯз Одинашоев боздошт шуд. «Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар ба содир намудани ин ҷиноят Орзу Бойназаров дар қаламрави маркази маъмурии ВМКБ боздошт шуда, айни замон ӯ дар боздоштоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ қарор дорад. Прокуратураи вилоят ба тафтиши парванда машғул аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» […]

Мавзуна Абдуллоева

Дар шаҳри Хоруғ гумонбар ба куштори сокини 33-солаи ҳамин шаҳр Фирӯз Одинашоев боздошт шуд.

«Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар ба содир намудани ин ҷиноят Орзу Бойназаров дар қаламрави маркази маъмурии ВМКБ боздошт шуда, айни замон ӯ дар боздоштоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ қарор дорад. Прокуратураи вилоят ба тафтиши парванда машғул аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 октябр ҷанҷолу занозанӣ миёни ҷавонон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ба тирпарронӣ бадал гардида, дар натиҷа аз захми силоҳ сокини 33-солаи шаҳр Фирӯз Одинашоев ҳалок шуд.

Сокини 33-солаи шаҳри Хоруғ Фирӯз Одинашоев тасодуфан дар тирпарронӣ ба ҳалокат расидааст. Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, ӯ дар ин муноқиша миёни ҷавонон ҳузур надошта, дар ҳавлии хонаашон тасодуфан тир ба ӯ омада расидааст.

Дар ҳамин ҳол, дар машварати фаврии мақомоти қудратӣ таҳти раёсати раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед қайд шуд, ки дар натиҷаи тирпарронӣ боз якчанд тани дигар низ захм бардошта, вале барои кумаки тиббӣ муроҷиат накардаанд.

Қобили зикр аст, ки баъди чунин ҳодисаҳо мақомоти қудратӣ боз сари масъалаи аз ҷониби аҳолӣ нигаҳдории миқдори зиёди аслиҳа бармегарданд. Чанд сол қабл ҳукуматдорон ба мусодираи аслиҳа аз аҳолӣ шурӯъ намуда, танҳо тӯли 5 соли охир, тибқи маълумоти ВКД, аз аҳолии Бадахшон беш аз 1,2 ҳазор адад аслиҳаи оташфишон мусодира шудааст.

Соли гузашта низ бар асари тирпарронӣ дар ноҳияи Рӯшон Бадавлат Кименов 20-сола ҳалок гардида буд. Он замон ВКД дар ин робита иттилоъ дода буд, ки донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи тарияи ҷисмонӣ баъди ҳамроҳи 8 нафар дӯстонаш лату кӯб кардани ронандаи автомашинаи «Ланд-Крузер» Асрат Ёқубов назди бинои «Тоҷиктелеком» дар Рӯшон кушта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.