Раиси ВМКБ: беҷазо мондани ҷинояткорон ба бесарусомонӣ боис мегардад

Бар асари ин ҳодиса боз якчанд нафари дигар низ аз силоҳи оташфишон захмӣ шуданд. Раиси ВМКБ ба тақвият додани корҳои тарбиявӣ бо ҷавонон дастур додааст. Сокини 33-солаи шаҳри Хоруғ Фирӯз Одинашоев тасодуфан дар тирпарронӣ ба ҳалокат расидааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, ӯ дар ин муноқиша миёни ҷавонон ҳузур надошта, […]

Asia-Plus

Бар асари ин ҳодиса боз якчанд нафари дигар низ аз силоҳи оташфишон захмӣ шуданд. Раиси ВМКБ ба тақвият додани корҳои тарбиявӣ бо ҷавонон дастур додааст.

Сокини 33-солаи шаҳри Хоруғ Фирӯз Одинашоев тасодуфан дар тирпарронӣ ба ҳалокат расидааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, ӯ дар ин муноқиша миёни ҷавонон ҳузур надошта, дар ҳавлии хонаашон тасодуфан тир ба ӯ омада расидааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон сокини дигари шаҳри Хоруғ Орзу Бойназаров, ки дар ин куштор гумонбар дониста мешавад, мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар машварати фаврии мақомоти қудратӣ таҳти раёсати раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед қайд шудааст, ки дар натиҷаи тирпарронӣ боз якчанд тани дигар низ захм бардошта, вале барои кумаки тиббӣ муроҷиат накардаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=LUtNe1v1EE4

Ба гуфтаи сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ Зиёдулло Азизуллозода, ин муноқишаву занозании дастаҷамъона миёни ҷавонони ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ – «Носири Хусрав» ва «Касалихона» рух додаааст.

Котиби матбуотии раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷамъомад бо иштироки кормандони фаврӣ, аҳли ҷомеа ва фаъолони шаҳр раиси ВМКБ изҳор доштааст, ки аслиҳаи ғайриқонунӣ дар дасти аҳолӣ қарордошта, беҷазо мондани ҷинояткорон ва сустии корҳои тарбиявӣ миёни гурӯҳҳои ҷудогонаи ҷавонон ба чунин фоҷеаҳо ва баъзан ҳатто беқонуниву бесарусомонӣ боис мегардад.

Шодихон Ҷамшед ба фаъолони шаҳр дастур додааст, ки аз маҳаллаҳои истиқоматии шаҳр ва ҷойҳои издиҳоми мардум боздид намуда, бо сокинон суҳбатҳо гузаронанд.

Қобили зикр аст, ки баъди чунин ҳодисаҳо мақомоти қудратӣ боз сари масъалаи аз ҷониби аҳолӣ нигаҳдории миқдори зиёди аслиҳа бармегарданд. Чанд сол қабл ҳукуматдорон ба мусодираи аслиҳа аз аҳолӣ шурӯъ намуда, танҳо тӯли 5 соли охир, тибқи маълумоти ВКД, аз аҳолии Бадахшон беш аз 1,2 ҳазор адад аслиҳаи оташфишон мусодира шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта низ бар асари тирпарронӣ дар ноҳияи Рӯшон Бадавлат Кименов 20-сола ҳалок гардида буд. Он замон ВКД дар ин робита иттилоъ дода буд, ки донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи тарияи ҷисмонӣ баъди ҳамроҳи 8 нафар дӯстонаш лату кӯб кардани ронандаи автомашинаи «Ланд-Крузер» Асрат Ёқубов назди бинои «Тоҷиктелеком» дар Рӯшон кушта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.