Рухсатиҳои кӯтоҳмуҳлати маҳкумшудагон акнун бо розигии прокурор

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки мутобиқи он акнун қарорҳо барои рухсатиҳо ба маҳкумшудагон ва ивази реҷаи ҷазо дар мувофиқа бо мақомоти прокуратура қабул карда мешаванд. – Барои рафтори намунавӣ ба маҳкумшудагон дар Тоҷикистон танҳо дар мувофиқа бо прокурор рухсатиҳои кутоҳмуҳлат дода мешавад, […]

Аваз Юлдошев

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки мутобиқи он акнун қарорҳо барои рухсатиҳо ба маҳкумшудагон ва ивази реҷаи ҷазо дар мувофиқа бо мақомоти прокуратура қабул карда мешаванд.

– Барои рафтори намунавӣ ба маҳкумшудагон дар Тоҷикистон танҳо дар мувофиқа бо прокурор рухсатиҳои кутоҳмуҳлат дода мешавад, – гуфт зимни ҷаласаи парлумон муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Муҳаммад Осимзода.

Ин тадбир танҳо нисбати як гурӯҳи ҷудогонаи шахсони махқумшуда истифода мегардад. Қаблан маҳкумшудагон ба ҷазои зиндони низомаш шадид ва умумӣ дар вақти рухсатии ҳамасола бо қарори маъмурияти муассисаи ислоҳӣ қаламрави зиндонро тарк карда метавонистанд.

Ҳамчунин мутобиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, ивази реҷаи зиндон нисбатан ба реҷаи сабуктар низ дар мувофиқа бо мақомоти прокуратура сурат мегирад.

Ғайр аз ин, акнун бо қарори прокурори вилоят ё шаҳри Душанбе шахсоне, ки ҳукм нисбаташон мавриди амал қарор гирифтааст, дар сурати зарурат ба муҳлати то 4 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ шуда метавонанд.

То ворид шудани ин тағйирот маҳкумшудагон на дертар аз 10 рӯз аз замони ба унвони маъмурияти боздоштгоҳи муваққатӣ ворид шудани огоҳинома дар бораи мавриди амал қарор гирифтани ҷазо ба муассисаи ислоҳӣ равона мешуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.