Ҷанги шабонаи ҳарбиёни пойгоҳи низомии 201 дар кӯҳҳои Тоҷикистон

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳангоми ҷанги шабона корвони шартии ҳамлу нақли аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро нобуд карданд. «Ҳарбиён дар хатсайри ҳаракати «ҷангиён» камин гирифта, бо аз кор баровардани автомашинаҳои ҷипи аввал ва охир гурӯҳи ҷинояткоронро нобуд сохтанд. Дар ин амалиёти шабонаи тамринӣ ҳудуди 150 нафар низомиён иштирок карданд», – хабар дод […]

Asia-Plus

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳангоми ҷанги шабона корвони шартии ҳамлу нақли аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро нобуд карданд.

«Ҳарбиён дар хатсайри ҳаракати «ҷангиён» камин гирифта, бо аз кор баровардани автомашинаҳои ҷипи аввал ва охир гурӯҳи ҷинояткоронро нобуд сохтанд. Дар ин амалиёти шабонаи тамринӣ ҳудуди 150 нафар низомиён иштирок карданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» ёвари фармондеҳи қушӯнҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Ярослав Рошупкин.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини ҳарбии кишвар дар қаламрави берун аз Русия маҳсуб меёбад. Ҷузъу томҳои пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 20142 муқаррар шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.