Владимир Путин Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо «Ордени Дӯстӣ» сарфароз гардонид

Президенти Русия Владимир Путин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо «Ордени Дӯстӣ» сарфароз гардонид. Маҳмадсаид Убайдуллоев барои хизматҳои арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамчунин саҳми шахсӣ дар роҳандозии ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ҳарду кишвар бо ин мукофот қадрдонӣ шудааст. Рӯзи 13 октябр пас аз анҷоми кори Форуми панҷуми байнипарлумонии «Тоҷикистону […]

Аваз Юлдошев

Президенти Русия Владимир Путин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо «Ордени Дӯстӣ» сарфароз гардонид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев барои хизматҳои арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамчунин саҳми шахсӣ дар роҳандозии ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ҳарду кишвар бо ин мукофот қадрдонӣ шудааст.

Рӯзи 13 октябр пас аз анҷоми кори Форуми панҷуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» раиси Шӯрои Федератсияи Русия ин мукофотро ба Маҳмадсаид Убайдуллоев супурд.

Ёдрас мекунем, ки Валентина Матвиенко бо сафари дурӯза корӣ ба Тоҷикистон омада, дар доираи сафар бо президенти Тоҷикистон ва раисони ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.