ВКД муҷозоти гунаҳкорони лату кӯби зан дар пойтахтро ваъда дод

Мавзуна Абдуллоева

Аз лату кӯби як зани сокини шаҳри Душанбе дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз васоити ахбори умум огаҳ шудаанд. Дар Вазорат итминон доданд, ки санҷиши ин ҳодиса оғоз гардида, дар сурати ошкор шудани гунаҳкорон, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

«Аз ҳодисае, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст, мо аз васоити ахбори умум огаҳ шудем. Ба мо бевосита дар ин хусус касе муроҷиат накардаву шикояте ҳам нарасидааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Умарҷон Эмомалӣ.

Сухангӯи вазорат итминон дод, ки санҷиш аз рӯи ин далел аллакай оғоз гардидааст. «Лекин аввал барои мо зарур аст, ки киву чикора будани ин зан, он замон ҳамроҳи ӯ киҳо будан ва воқеъан лату кӯб шудани ӯро муайян кунем. Агар далели мазкур тасдиқ шавад, гунаҳкор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад», – изҳор дошт Умарҷон Эмомалӣ.

Дар ҳамин ҳол, аз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки зани ҷабрдида ба он ҷо муроҷиат кардааст, ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки аз номи зан ба прокуратура аризаи шикоятӣ пешниҳод шуда, ташхиси судиву тиббӣ ҳам гузаронида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 октябр Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз шикояти як зани 34-сола, сокини шаҳри Душанбе аз кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур хабар дод. Ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, гуфтаааст, ки маъмурини милиса зимни санҷиши шиносномаҳо дар доираи амалиёти “Нелегал” аввали моҳи равон талош кардаанд, бо зӯр вориди манзилаш шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.