Кумаки Арабистони Саудӣ ба Сурия ба ивази қатъи робитаҳо бо Эрон

Башор Асад, президенти Сурия мегӯяд, кишвараш ба майдони ҷанги Русия бо Ғарб табдил ёфтааст.  Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба нашрияи русии "Комсомолская правда, Башор асад изҳор доштааст, ки "чизе, ки тайи чанд ҳафта ё моҳи ахир мушоҳида мекунем, бештар аз Ҷанги сард аст". Дахолати густардаи низомии Русия дар нооромиҳои Сурия як сол […]

Радиои Озодӣ

Башор Асад, президенти Сурия мегӯяд, кишвараш ба майдони ҷанги Русия бо Ғарб табдил ёфтааст.

 Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба нашрияи русии "Комсомолская правда, Башор асад изҳор доштааст, ки "чизе, ки тайи чанд ҳафта ё моҳи ахир мушоҳида мекунем, бештар аз Ҷанги сард аст".

Дахолати густардаи низомии Русия дар нооромиҳои Сурия як сол пеш оғоз шуд. Кремл барои кумак ба артиши Асад дар амалиёти заминӣ бомбаафканҳояшро фиристод, ки ба афзоиши нерӯи режими Димишқ дар задухӯрдҳо сабаб шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарб агар аз шӯришгарони зидди Асад пуштибонӣ ҳам кунанд, ба онҳо кумаки низомӣ накардаанд. Башор Асад гуфта, ки Туркия бо эълони маъракаи ихроҷи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ва курдҳо ба қаламрави Сурия ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи президенти Сурия, Арабистон Саудӣ ба вай пешниҳод кардааст, ки агар иртиботашро бо Эрон, яке аз ҳампаймонони аслияш қатъ кунад, ба ӯ кумак хоҳад кард. "Риёз гуфт, агар ҳама гуна иртиботро бо Эрон ба қатъ кунӣ, пас мо омодаем, ки ба ту хеле одию мустақим кумак кунем", – афзудааст Асад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.