Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Мусобиқаи 10-уми бисёрҳарбаи наҷотдиҳӣ миёни хадамоти махсуси наҷотдиҳии Кумтаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ идома меёбад, ки дар он ҳамаи воҳидҳои штатии наҷотдиҳии Кумита ширкат меварзанд;

– Дар шаҳри Душанбе Синамобазми байнулмилалии «Дидор»ба кори худ идома медиҳад. Филмҳои Синамобазми байналмилалии VII «Дидор» то 20 октябр аз соати 10:00 дар Хонаи Синамогарон ҳаррӯза то панҷ сеанс намоиш дода мешаванд. Тамошо ройгон аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8753 сомонӣ;

1 евро – 8.6691 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1221 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2004 — Маросими ботантанаи ифтитоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.

2008 — Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази олмонӣ боз шуд.

2011 — Дар Тоҷикистон рақами ягонаи наҷотдиҳии 111 ба кор даромад.

1914-1966 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Кенҷабой Мирмуллоев.

1942 – Мавлуди профессор Мавҷуда Абдувалиева.

1943 – Зодрӯзи собиқ раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

1951 – Мавлуди нависанда ва журналист Карим Давлат.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9 рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +16+21. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +20+22.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...