Чемпионати Осиё: футболбозони тоҷик дастаи Чинро мағлуб карданд

Радиои Озодӣ

Дар бозии дуюм дар гурӯҳи «D»-и мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 19-сола дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 бар дастаи мунтахаби Чин дастболо шуд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар бозии дигари даври дуюми ин гурӯҳ дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Манамаи Баҳрайн мунтахаби Узбакистон бар тими Австралия бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Ёдрас мешавад, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 19-сола аз тими Узбакистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.

Гуфта мешавад, баъди натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” мунтахаби Узбакистон бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия сеимтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон (3-2) нисбат ба Австралия (3-3) як зина боло – дар ҷойи дувум қарор дорад. Австралия мақоми севумро касб кардааст. Чин бидуни имтиёз ва таносуби тӯбҳояш 0-3 дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Узбакистон сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо Чин пешакӣ ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия барои роҳхати дувум мубориза мебаранд.

Бозии ниҳоии сабқати гурӯҳиро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Виталий Левченко рӯзи ҷумъаи 21-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн бо дастаи Австралия анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:30 — ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври чаҳорякниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яман ё Эрон – рақобат мекунад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн 16 даста, ки ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст, барои медалҳо мубориза мебарад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Зикр мегардад, ки дастаҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 дар Баҳрайн барои чаҳор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Агар дар Манама Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбад, он гоҳ дастае, ки дар қаҳрамонии Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни дастаҳои мунтахаби зери 19-сола рӯзи 13 октябр дар Баҳрайн шурӯъ шуд ва то 30 октябр идома хоҳад дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.