Аслов ҷомеаи ҷаҳониро ба азсаргирии музокирот дар Ховари Миёна даъват кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар иҷлоси 43-юми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки 18-уми октябри соли 2016  дар шаҳри Тошканд оғоз гардид, ширкат ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни иҷлос, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҷаноби Абдулазиз Комилов баргузор гардид, вазирони […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар иҷлоси 43-юми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки 18-уми октябри соли 2016  дар шаҳри Тошканд оғоз гардид, ширкат ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни иҷлос, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҷаноби Абдулазиз Комилов баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲИ дар атрофи масъалаҳои умдаи ҷаҳони Ислом, мушкилот ва чолишҳои муосир ва роҳҳои таҳия ва татбиқи талошҳо ва иқдомоти муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварҳои минтақа мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Сироҷидин Аслов зимни суханронӣ дар иҷлос мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба бандҳои гуногуни рӯзномаи СҲИ ироа намуда, ба зарурати аз нав оғоз гирифтан ва таҳким бахшидан ба раванди музокирот дар Ховари Миёна дар асоси қатъномаҳои СММ ва дигар ташаббусҳои байналмилалӣ, ҷалби Афғонистон ба равандҳои минтақавии иқтисодӣ, таъмини амнияти долонҳои транзитии тиҷоратӣ тавассути Афғонистон, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла коркард ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар қаламрави СҲИ таъкид кард.

Созмони ҳамкории исломӣ созмони бузургтарин ваа бештар пурнуфузи расмии ҳукуматии байнулмилии мусалмонӣ мебошад, ки айни замон 57 кишвари саросари дунёро бо аҳолии ҳудуди 1,5 млрд. нафар аҳолӣ муттаҳид мекунад.

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ дар Тошканд рӯзи 18 октяр вохӯрии дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.