Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 2,8 млрд. $

Шумори лоиҳаҳои аз оғози сол дар Тоҷикистон мавриди амалисозӣ қарордошта афзуда, лекин маблаги умумии онҳо 300 млн. доллари ИМА камтар шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунанда дар Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли ҷорӣ аз 70 лоиҳа ба маблағи умумии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори лоиҳаҳои аз оғози сол дар Тоҷикистон мавриди амалисозӣ қарордошта афзуда, лекин маблаги умумии онҳо 300 млн. доллари ИМА камтар шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунанда дар Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли ҷорӣ аз 70 лоиҳа ба маблағи умумии 22,1 млрд. сомонӣ (2,8 млрд. доллари ИМА) иборат аст.

Аз ҷумла, сандуқи сармоягузории ҷумҳурӣ 30 лоиҳаи грантӣ, 18 лоиҳаи қарзӣ ва 22 лоиҳа бо маблағгузории омехтаро дар бар гирифта, ҳаҷми умумии маблағгузориҳои грантӣ 9,8 млрд. сомонӣ (1,24 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Аз оғози сол дар доираи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 333 млн. доллари ИМА маблағҳо азхуд шудаанд, ки ба 63%-и нақшаи солона баробар аст.

Тӯли 9 моҳи соли равон миёни Кумита ва шарикон оид ба рушд бо мақсади амалисозии 10 лоиҳаи сармоягузории афзалиятнок ба маблағи умумии 133 млн. доллари ИМА 14 созишномаҳои нав ба имзо расидаанд, ки ҳудуди 30% аз ин воситаҳо (93,3 млн. $) ба сифати кумаки бебозгашт пешниҳод шуда, 70%-и он қарзҳо мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аввали соли 2016 ҳаҷми сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон аз 59 лоиҳа ба маблағи умумии 2,5 млрд. доллари ИМА иборат буд.

Дар ҳамин ҳол, нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 456 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ сурат гирифт, ки 220,9 млн. $-и он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.

Айни замон дар доираи 6 созишномаҳои сармоягузорӣ ва 1 шартномаи консессионӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба маблағи 1,5 млрд. доллари ИМА 12 корхона сохта шуда истодааст, ки инҳо сармоягузориҳои мустақим мебошанд.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон боз беш аз 470 лоиҳаҳо ба сармоягузорӣ ниёз доранд.

Давоми солҳои 2007-2015 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 6 млрд. 663 млн. доллари ИМА сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб шудааст, ки аз ин миқдор 2 млрд. 877 млн. доллари ИМА – сармоягузориҳои мустақим, 3 млрд. 785 млн. доллари ИМА – қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбшуда ва 1,8 млн. доллари ИМА – сармоягузориҳо ба сандуқи умумӣ (сармоягузориҳо ба коғазҳои қиматнок) мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.