Беш аз 470 лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёз доранд

Дар доираи кори Ярмаркаи 22-юми тиҷоративу сармоягузории Ланчжоуи Чин раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо волии музофоти Гансу Лин До дидору гуфтушунид анҷом дода, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба иштироки сармояи хусусии ин музофот ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ манфиатдор аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ПСС ҶТ, бахшҳои гидроэнергетика, […]

ASIA-Plus



Дар доираи кори Ярмаркаи 22-юми тиҷоративу сармоягузории Ланчжоуи Чин раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо волии музофоти Гансу Лин До дидору гуфтушунид анҷом дода, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба иштироки сармояи хусусии ин музофот ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ манфиатдор аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ПСС ҶТ, бахшҳои гидроэнергетика, истихроҷӣ кӯҳӣ, зербинои саноат, комплекси агросаноатӣ, нақлиёт, сохтмони роҳу пулҳо, телекоммуникатсия, индустрияи сохтмон, савдо, соҳаҳои бонкӣ ва молиявӣ аз бахшҳои афзалиятнок номбар шуда, Ш.Саид ҳамчунин аз имконоти густардаи таъсиси корхонаҳои муштарак бо истифода аз технологияҳо ва таҷҳизоти чинӣ дар соҳаҳои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, электроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ ва коркард, дорусозӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки тиҷоратӣ маълумот дод.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ба масъалаи имкони саҳмгузории доираҳои тиҷоратии Чин дар рушди минтақаҳои озоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, Шариф Саид таъкид дошт, ки айни замон беш аз 470 лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёз доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.