Рассоми тоҷик пас аз марг бо нишони фахрии ВКХ Русия қадрдонӣ шуд

Рассоми халқии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Суҳроб Қурбонов пас аз марг бо нишони фахрии «Барои саҳми босазо дар ҳамкории байнулмилалӣ»-и Вазорати корҳои хориҷии Руси сарфароз гардонида шуд. Бино ба маълумоти РИА Новости, зимни супурдани ин мукофот ба ҳамсари рассом сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор доштааст, ки асарҳои офаридаи Қурбонов, ки воқеъан ҳам яке […]

ASIA-Plus



Рассоми халқии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Суҳроб Қурбонов пас аз марг бо нишони фахрии «Барои саҳми босазо дар ҳамкории байнулмилалӣ»-и Вазорати корҳои хориҷии Руси сарфароз гардонида шуд.

Бино ба

маълумоти

РИА Новости, зимни супурдани ин мукофот ба ҳамсари рассом сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор доштааст, ки асарҳои офаридаи Қурбонов, ки воқеъан ҳам яке аз рассомони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ аст, дар бисёр осорхонаҳои машҳури саросари ҷаҳон, аз ҷумла «Метрополитен» дар Ню-Йорк, галереяи Третяковский ва Осорхонаи давлатии ҳунарҳои мардуми Шарқ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 10 майи соли равон Рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Суҳроб Усмонович Қурбонов дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Рассом рӯзи 9 май бо бемории шадиди қалб дар бемористон бистарӣ шуда, вале табибон ӯро наҷот дода натавонистанд.

Суҳроб Қурбонов соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи бадеии ба Номи М.Олимов дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии бадеии ба номи В.Суриков дар Маскав мебошад.

Давоми кору зиндагиаш ба ҳайси раиси Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон ва котиби Раёсати Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият намуда, соли 1989 вакили мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудааст.

Дорандаи ҷоизаҳои сершумори давлатӣ, муаллифи нишон, рамзу нигораҳо ва ордену медалҳои ҷумҳурӣ аст. Дар Душанбе толори мусаввараҳои нахустин дар Тоҷикистон «Арт-галереяи Сӯҳроб»-ро таъсис додааст.

Дар намоишгоҳҳои шахсӣ ва умумии даҳҳо кишварҳои саросари дунё асарҳои офаридаи ӯ ба маърази тамошо гузошта шуда, бисёре аз асарҳои рассом дар осорхонаҳои бисёре аз кишварҳои дунё маҳфузанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.