Симои нави кормандони политсия дар Кодекси одоб

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Кодекси одоби касбии корманди политсияи Тоҷикистонро омода ва дар сомонаи расмиаш интишор намуд , ки мутобиқи он корманди политсия ба ҷуз ангуштарини ақди никоҳ, набояд аз дигар ҷавоҳирот дар худ истифода намояд, набояд риш дошта бошаду дар тан холкубӣ кунад, муйи сарашро тарошад, қоидаҳои либоси низомиро вайрон намояд. Корманде, ки дар […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Кодекси одоби касбии корманди политсияи Тоҷикистонро омода ва дар сомонаи расмиаш

интишор намуд

, ки мутобиқи он корманди политсия ба ҷуз ангуштарини ақди никоҳ, набояд аз дигар ҷавоҳирот дар худ истифода намояд, набояд риш дошта бошаду дар тан холкубӣ кунад, муйи сарашро тарошад, қоидаҳои либоси низомиро вайрон намояд.

Корманде, ки дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, лексикони ҷиноятиро омӯхтааст, набояд забони махсус ва аломатҳои ҷиноятии ин гурӯҳи одамонро дар муошират бо ҳамкасбон ва шаҳрвандон истифода намояд.

Корманди политсия уҳдадор мешавад, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон содиқ бошад ва онро дар ҳаёт татбиқ намояд, бо амали худ обрӯ ва эътибори ҳокимияти давлатиро баланд бардорад, манфиатҳои давлатӣ ва сохтори конститутсионии Тоҷикистонро ҳифз намояд.

Дар ин Кодекс корманди политсия ҳамчунин ба таъмини ҳуқуқ ва саломатии боздошташудагон, аз ҷумла андешидани чораҳои бетаъхир ҳангоми зарурият барои расонидани ёрии тиббӣ низ уҳдадор шудааст.

Гуфта мешавад, роҳбари мақомоти политсия набояд хешовандони наздики худро ба мансаби зери тобеи худ таъин кунад ва агар ба мансаб таъин карда шуда бошад, бояд ӯро аз мансаб озод намояд ё ба дигар мансаб гузаронад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.