Ҳузури нозирони тоҷик дар интихоботи парлумонии Беларус

Нозирон аз Тоҷикистон дар мониторинги байнулмилалии ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар Белорус, ки ба санаи 11 сентябр таъин шудааст, иштирок мекунанд. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ин хусус ба КМИР Тоҷикистон даъватномаи расмӣ расида, нозирони Тоҷикистон ба […]

ASIA-Plus



Нозирон аз Тоҷикистон дар мониторинги байнулмилалии ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар Белорус, ки ба санаи 11 сентябр таъин шудааст, иштирок мекунанд.

Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ин хусус ба КМИР Тоҷикистон даъватномаи расмӣ расида, нозирони Тоҷикистон ба ҳайати нозирони ин ниҳод шомил карда мешаванд.

«Шомил гардидани нозирони Тоҷикистон ба ҳайати мушоҳидони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) низ аз эҳтимол дур нест», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аввали моҳи август ҳайати шахсии нозирони Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Беларус муайян карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.