Таркиши фоҷеабор дар яке аз НФС-и Бохтар

Бар асари таркиш дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Сарбанд, дар қаламрави ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 1 нафар ҳалок ва 17 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс» аз маҳалли ҳодиса таркиш замони аз автомашинаи боркаши «Дулан» ба зарфҳои нуқтаи сӯзишворӣ интиқол додани гази моеъ рух додааст. Бар […]

Сайраҳмон НАЗРИЕВ, Зокир ҲАСАН, махсус барои ASIA-Plus


Бар асари таркиш дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Сарбанд, дар қаламрави ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 1 нафар ҳалок ва 17 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс» аз маҳалли ҳодиса таркиш замони аз автомашинаи боркаши «Дулан» ба зарфҳои нуқтаи сӯзишворӣ интиқол додани гази моеъ рух додааст.

Бар асари таркиш нуқтаи сӯзишворӣ пурра ба коми оташ рафта, ҳамчунин аз мавҷи оташ фурӯшгоҳҳо, ошхона, ва нуқтаҳои фурӯши харбузу тарбуз, ҳамчунин 2 автомашинаи тамғаи Опел ва Мерседес низ осеб дидаанд.

Ҳамшираи шафқати навбатдори бемористони вилоят Сайёра Ризоева хабар дод, ки ба қабулгоҳ 17 нафар осебдидагон аз ин сӯхторро оварда, як тан аз онҳо бо сӯхтаҳо дар дасту пояш ҳолаташ каме вазнин ва ба боқимонда 16 нафар кумаки тиббӣ расонида шуда, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Як манбаъ аз бемористони клиникии вилоят ба номи Бурӣ Воҳидов иттилоъ дод, ки шахси ҳалокшуда аз ин ҳодиса сокини 35-солаи шаҳри Сарбанд, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Алихон Малахов буда, худи ҳамон рӯз ҷасади ӯро ба хок супурдаанд. Ӯ соҳиби се фарзанди ноболиғ будааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, аввал зарф (систерна) оташ гирифта, сипас таркиши сахт ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.