Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Давоми моҳҳои январ-марти соли 2026 ҳаҷми иқтисоди кишвар 35,9 млрд сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8% афзудааст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, нишондиҳандаи тағйирёбии нархҳо (дефлятор) дар ин давра 7,6%-ро ташкил додааст.

“Рушди иқтисод бо ҷараёни мусбати соҳаҳои калидӣ – бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон таъмин шуд. Маҷмӯи арзиши иловагии ин соҳаҳо 84,8%-и ҳаҷми умумии иқтисодро ба вуҷуд оварда, афзоиши 6,9 банди фоизиро таъмин кард”, – зикр мешавад дар гузориши Оҷонсии омор.

Манбаъ мегӯяд, ба рушди иқтисод, бахши хидматрасонӣ ва соҳаҳои истеҳсолӣ саҳм гузоштаанд. Ҳамин тариқ, ба рушди умумӣ, бахши хидматрасонӣ 4,4 банди фоизӣ ва соҳаҳои истеҳсолӣ – 2,5 банди фоизӣ илова кардаанд.

Миёни бахшҳои ҷудогона соҳаҳои зерин саҳми назаррас доранд:

— саноат — 19,1%;

— савдо ва соҳаи хидматрасонӣ (бо шумули меҳмонхона ва тарабхонаҳо) — 18,0%.

Ҳиссаи андозҳо дар сохтори иқтисод 15,1%-ро ташкил дода, афзоиши 1,1 банди фоизиро таъмин кардааст.

Нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосӣ          

Мақомот интизоранд, ки рушди воқеии иқтисоди кишвар дар соли 2026 на камтар аз 8%-ро ташкил хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ нисбатан эҳтиёткорона баҳо медиҳанд. Аз ҷумла:

— Хазинаи байналмилалии асъор, рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар сатҳи ҳудуди 6-7% пешгӯӣ мекунад;

— Бонки ҷаҳонӣ ҳудуди 5-6%-ро интизорӣ дорад;

— Бонки осиёии рушд дарнамои рушдро тақрибан ҳудуди 6% арзёбӣ мекунад;

— Бонки авруосиёии рушд ҳудуди 7%-ро пешбинӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2025 рушди воқеии иқтисоди Тоҷикистон 8,4%-ро ташкил дода, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) қариб ба 176,9 млрд сомонӣ (ҳудуди 19 млрд доллар) расида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".