Идомаи кумаки «Бонки Эсхата» ба хоҷагиҳои деҳқонӣ

Иттилоияи расмӣ

Вохӯрии намояндагони Бонки Эсхата бо раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои кишвар идома дорад. Мақсади асосӣ расонидани маълумотҳои зарурӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба самаранокии захираҳои обию барқӣ ба ҳисоб рафта, муаррифии хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла қарзҳои аграрӣ мавзӯуи вохӯрӣ буд.

Яке аз методҳои нави ҷараёни кори хоҷагиии қишлоқ обёрикунии қатрагӣ, сохтани гармхона ва кофтани чоҳҳои амудӣ  мебошад.  Иштирокчёни вохӯрӣ дар бораи афзалиятҳои намудҳои нав, технологияи насби он, роҳҳои ҷорӣ намудани онҳо, шартҳои маблағгузорӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ки 80 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқониро ҷамъ овард, ҳамоҳангсози агроқарзҳои Бонки Эсхата Шуҳрат Усмонов, директори филиали ноҳияи Рудакӣ Ғайратшоҳ Самиев ба ҳозирин доир ба роҳҳои беҳтарин ва методҳои нави истифодаи обу замин ва натиҷаҳои онро фаҳмониданд.

Боиси қайд аст, ки Бонки Эсхата маблағҳои қарзиро барои рушди хоҷагии қишлоқ бо шартҳои осон пешниҳод мекунад. Дар ин замина ба деҳқонон ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам техникӣ ва машваратӣ кӯмак расонида шуда, шарики Бонк ташкилоти Сароб ва намояндагони лоиҳаи Климадапт маҳсуб меёбанд.

Ноҳияи Рудакӣ яке аз ноҳияҳои аграрии кишвар буда, деҳқонон асосан бо  чорводорӣ, боғпарварӣ ва  растанипарварӣ машғул мебошанд.

Дар рафти мулоқот иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ният доранд минбаъд дар ҳамкорӣ бо Бонки Эсхата роҳҳои иноватсионии идоракунии обу замин ва қувваи барқро ҷорӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...