Размоишҳои зиддитеррористии Тоҷикистону Чин дар Ишкошим

Дар размоишҳои зиддитерорристии Тоҷикистону Чин, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегарданд, ҳудуди 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ иштирок мекунанд. Аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар машқгоҳи ҳарбии ноҳияи Ишкошим дар ВМКБ пагоҳ размоишҳои бузургмиқёси чоррӯзаи зиддитеррористии нерӯҳои Тоҷикистону Чин оғоз мегарданд. Ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар размоишҳои зиддитерорристии Тоҷикистону Чин, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегарданд, ҳудуди 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ иштирок мекунанд.

Аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар машқгоҳи ҳарбии ноҳияи Ишкошим дар ВМКБ пагоҳ размоишҳои бузургмиқёси чоррӯзаи зиддитеррористии нерӯҳои Тоҷикистону Чин оғоз мегарданд.

Ба ин размоишҳо ҳамчунин авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ сафарбар шуда, аз ҷониби Чин дар он ротаи зудамали Артиши миллии озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат меварзад.

Сарбозону афсарони ҳарду кишвар амалҳои муштарак ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Чинро мавриди омӯзишу сайқал қарор медиҳанд. Генералҳои воломақоми Тоҷикистону Чин аз рафти размоишҳо боздид хоҳанд кард.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар ҷаласаи ҳукумати ВМКБ ноҳияи Ишкошим макони баргузории размоишҳои зиддитерористӣ интихоб шудааст, зеро бо вилояти Бадахшони Афғонистон, ки террористони байнулмилалӣ дар он ҳузур доранд, марзи тӯлонӣ дорад.

Размоишҳои муштараки зиддитеррористии нерӯҳои Тоҷикистону Чин санаи 24 октябр ба итмом мерасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...